Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Сафорати Тоҷикистон дар Қатар

20 апрели соли 2025 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар бо иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ ва меҳмонони хориҷӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар фазои тантанавӣ ва фарҳангӣ зери шиори «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» таҷлил гардид, ки ҳадаф аз ин ҷашни миллию байналмилалӣ арҷгузорӣ ба суннатҳои миллии тоҷикон ва муаррифии фарҳанги бостонии Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ арзёби шуд.

Чорабинӣ бо табрикоти сафири Тоҷикистон дар Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ идома ёфта, барои меҳмонон таомҳои миллию хоси наврӯзӣ, аз ҷумла оши палов, далда, самбӯса, суманаку ҳалво ва шириниҳо омода шуда, онҳо ба унсурҳои миллӣ, аз қабили чакан, сӯзанидӯзӣ, заргарӣ ва ҳунарҳои дастӣ шинос шуданд.

Меҳмонон ба таомҳои миллию наврӯзии тоҷикӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баҳои баланд доданд.

 

Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar

Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad