Мулоқоти сафир бо директори генералии ширкати Ҷусур

Санаи 7 январи соли 2026 дар шаҳри Давҳа мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо Директори генералии ширкати қатарии Ҷусур (Qatar Manpower Solutions Co.(Jusour) Абдулходи Бахит Барқан баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ дурнамои ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла муташаккилона сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар бо риояи кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо барои танзими сафари роҳбари ширкати мазкур ба Тоҷикистон ба мақсади ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба мувофиқа расиданд.
Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar






