Мулоқоти сафир бо директори генералии ширкати озуқавории “Al-Rawasi Food Company”


11 январи соли 2026 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо директори генералии ширкати озуқавории қатарии “Al-Rawasi Food Company” Маҳмуд Маҳфуз баргузор гардид.
Зимни мулоқот роҳҳои густариши ҳамкориҳои мутақобила судманд дар самти содироти хушкмева ва меваю сабзавот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар, инчунин имкониятҳои содироти дигар маҳсулоти мавриди ниёз баррасӣ шуданд.
Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar






