Мулоқоти директори “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Тоҷикистон бо директори “Оркестри филармонии Қатар”

Санаи 12 январи соли 2026 дар шаҳри Давҳа мулоқоти директори Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Солизода Олимҷон бо директори иҷроияи Оркестри филармонии Давлати Қатар Курт Мейстер доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо дурнамои густариши равобити фарҳангиро баррасӣ карда, имкониятҳои амалии татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди омӯзиш қарор доданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои ташкилӣ, таъмини шароити зарурии техникӣ ва таҳияи нақшаи баргузории барномаи консертӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар равона гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad