Мулоқоти директори “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Тоҷикистон бо директори генералии Муассисаи «фарҳангии Катара»

 

Санаи 13 январи соли 2026 дар шаҳри Давҳа мулоқоти директори Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Солизода Олимҷон бо директори генералии Муассисаи «фарҳангии Катара»-и Давлати Қатар профессор Холид ибни Иброҳим Ал-Сулайтӣ доир гардид.

Дар мулоқот ҳамкориҳои фарҳангӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, тартиботи вобаста ба омодасозии чорабиниҳои муштарак, фароҳам овардани заминаи техникии зарурӣ ва тарҳрезии барномаи консертӣ бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Давлати Қатар баррасӣ гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad