Баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қатар

Аз 8 то 11 феврали соли 2026 дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Дар ҳошияи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Давҳа, санаи 9 феврали 2026 дар бинои Вазорати фарҳанги Давлати Қатар Намоиши васеи асарҳо, мусаввара, аксҳои таърихию фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ, урфу одат, дастовардҳои замони Истиқлол, навъҳои гуногуни таъомҳои миллӣ ва табиати зебои Тоҷикистон танзим гардид, ки дар он вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ, роҳбарону кормандони корпуси дипломатии муқими Қатар, намояндагони мақомоти кишвари иқомат ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Сипас маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангӣ бо иштироки вазирони фарҳанги ду кишвар баргузор шуд, ки дар он аҳамияти таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар таъкид гардид.
Дар идома, барномаи консертии фарҳангӣ бо иштироки ҳунарпешаҳои шоиcтаи Тоҷикистон доир гардид.
Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad