Мулоқоти Сафир бо Раиси Шӯрои директорони Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар

6 апрели соли 2026 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо раиси Шӯрои директорони Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар Шайх Халифа ибни Ҷосим ибни Муҳаммад Оли Сонӣ доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкориҳои мутақобила судмандро дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ, низоми бонкӣ ва сохтмон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба табодули сафарҳои соҳавӣ ба мақсади шиносоӣ аз имкониятҳои нави ҳамкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad