Мулоқоти Сафир бо Директори Институти дипломатии Қатар


17 августи соли 2026 сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо директори Институти дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар доктор Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал-Ҳур мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла роҳҳои таҳкими робитаҳо байни сохторҳои дипломатии ду кишвар, рушди омодасозии кадрҳои ҷавон, такмили ихтисоси кадрҳои дипломатӣ ва табодули таҷрибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar






