Мулоқоти сафир бо муовини якуми вазири варзиш ва ҷавонони Давлати Қатар


30 августи соли 2026 сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо муовини якуми вазири варзиш ва ҷавонони Давлати Қатар Ёсир ибни Абдуллоҳ Ал-Ҷамол мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои варзиш ва ҷавонон, аз ҷумла ташкили бозиҳои дӯстона, мубодилаи боздиди ҳайатҳо, табодули таҷриба, инчунин ташкили курсҳои такмили ихтисосро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, имкониятҳои роҳандозии барномаҳо ва ташаббусҳои муштарак ва рушди робитаҳо байни муассисаҳои варзишӣ ва ҷавононии ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar






