Вокуниши Академияи илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати куштори сайёҳони хориҷӣ
ДУШАНБЕ, 31.07.2018./АМИТ «Ховар»/. «Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рабита ба ҳодисае, ки 29 июл дар ноҳияи Данғара рух дод ва бо ҳалокати сайёҳони хориҷӣ анҷом ёфт, сахт андуҳгин буда, ба наздикони ҷонбохтагон изҳори тасаллият менамояд», — омадааст дар изҳороти Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар он ҳамчунин гуфта мешавад:
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин ҳодиса садама набуда, балки амали қаблан омодашудаест, ки гурӯҳи ҷавонони тундрав онро ба хотири паст намудани этибори кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намуданд. Баъдан, ДИИШ масъулияти куштори сайёҳони хориҷиро дар марзи Тоҷикистон ба уҳдаи худ гирифт ва собит намуд, ки даҳшату иғвою вандализми муосирро дар куҷое, ки хоҳад, роҳандозӣ мекунад.
Тоҷикон ҳеҷ гоҳ зуровариро дастгирӣ накардаанд ва ба ин ҷараёни ифротии муосир ҳисси нафрат дошта, пайваста онро маҳкум менамоянд, вале амали ваҳшиёнаи рӯзи 29 –уми июли соли равон ба он ҳодисаҳои террористии дар кишварҳои Аврупо барпошуда шабеҳ мебошад. Ҳадафи барпокунандагон аз ин амал танҳо ворид намудани нуқс дар суботи кишвар набуда, ба василаи куштори сайёҳони хориҷӣ табоҳ кардани муносиботи Тоҷикистон бо дигар кишварҳои хориҷӣ мебошад. Аммо чун зӯргӯёну зӯроварону дигар гурӯҳҳои тундрав, ки айни замон дар тамоми гӯшаву канори кураи Замин ба кишти зулм машғуланд, ҳадафҳои ғаразнок доранд ва ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд, чунки дар замони муосир ҳамагон аз найрангҳояшон воқиф гардидаанд.
Беҳтарин рӯзгор ҳамонест, ки бидуни зуроварӣ бошад. Аммо гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» бо роҳандозӣ намудани амали террористӣ дар Тоҷикистон аз Арупо ба Осиё фирор кард! Ба онҳое нафрат пайдо мешавад, ки бо истифода аз зуроварӣ авзои молиявии худро мехоҳанд беҳтар созанд ва чунин афрод аз миёни ҷавонони бехабар афзудааст. Аз ҳамин хотир, нисбат ба ҷавонон барномае бояд таҳия кард, ки онҳоро аз иртибот доштан бо созмонҳои террористии ҷаҳони муосир ҷилавгирӣ намояд. Иртибот пайдо намудани шаҳрвандони Тоҷикистон бо созмонҳои террористии муосир аз он шаҳодат медиҳад, ки майли зуроварӣ ва бо роҳҳои фитнаву иғво нуфуз пайдо кардани онҳо бархе аз шаҳрвандонро ба амалҳои террористӣ пайваста водор мекунад. Агар ҳамаи омилҳоро ин ҷо баррасӣ кунем ҳам он аламҳою доғгузориҳое, ки дар зеҳни инсонҳо ҷанобон террористҳо гузоштанд, ҳамаи моро водор хоҳад кард, ки ҷаҳду кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таъмини рушди босуботи кишвар ба инобат гирифта, монеъаҳоро аз роҳҳои таъмини пешрафти ҳамаҷониба бартараф созем.
Зӯроварон аққалият буданд ва аққалият мемонанд!