Мулоқоти Сафир бо муовини директори генералии Созмони хайриявии Қатар

Санаи 30 сентябри соли 2026 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо муовини директори генералии Созмони хайриявии Қатар (Qatar Charity) доир ба барномаҳо ва робитаҳо Навоф Абдулло Ал-Ҳаммодӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар соҳаи башардӯстона, аз ҷумла имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ баррасӣ гардиданд.
Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar






