Маҷмуи мулоқотҳои ҳайати ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Давлати Қатар

Рӯзҳои 15-17 ноябри соли 2026 бо ташаббус ва мусоидати Сафорат, маҷмуи мулоқотҳои ҳайати ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо намояндагони ширкатҳо ва сохторҳои пешбари соҳаҳои авиатсияи гражданӣ ва сайёҳии Давлати Қатар баргузор гардиданд.
Дар доираи сафари корӣ ҳайати ширкат бо намояндагони Qatar Airways, Qatar Aviation Services (QAS), ширкати идоракунандаи Фурудгоҳи байналмилалии Ҳамад (MATAR), Visit Qatar, ширкатҳои Al-Khalidiah, Desert Gate, Grand Tours, Discover Qatar, Regency Holidays, Mannai Travel ва Fahd Travel мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқотҳо барқарорсозии парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе-Давҳа, роҳҳои бастани созишномаи байниширкатӣ оид ба интиқоли мусофирон ва бағоҷ (Interline Agreement), хизматрасониҳои заминию ҳавоӣ, афзоиши гардиши мутақобилаи сайёҳон ва рушди табодули тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Қатар, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба соҳаҳои авиатсия ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақими тиҷоратӣ, таҳияи бастаҳои муштараки сайёҳӣ, муаррифии иқтидори сайёҳии ду кишвар ва ташкили низоми самараноки фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоиро муҳокима намуданд.
Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad