Боздид аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника “Артел”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон

17 август дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника “Артел” боздид ба амал оварда, бо фаъолияти ин коргоҳи саноатӣ шинос шуданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи “Артел” соли 2011 таъсис ёфта, асосан барои хоҷагии халқи ин кишвар таҷҳизоти электрикии рӯзғорро истеҳсол менамояд.

Шумораи коргарони корхона то имрӯз беш аз 7400 нафар коргарони муҳандисӣ-техникиро ташкил медиҳад.

Масоҳати умумии корхона 600 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, аз 9 коргоҳи дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ фаъолияткунанда иборат мебошад. Иқтидори истеҳсолии онҳо зиёда аз 5 миллион дона техникаи маишӣ ва 10 миллион дона лампаҳои каммасрафи барқӣ буда, дар маҷмуъ 500 номгуи маҳсулот бароварда мешавад.

Маҳсулоти исеҳсолшуда ба бозори дохилӣ ва ба кишварҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳо содирот мегардад.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad