Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқоти самимию созанда масъалаҳои таъмиқи ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати дӯсту бародари Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, имкони дидору мулоқотро дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, омили муҳими таконбахши робитаҳои анъанавии мардумон арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки мо ба сатҳи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо ҳамсояи наздик ва кишвари бародари Ӯзбекистон афзалияти бештар медиҳем.
Дар як муддати кутоҳ бо иродаи қавии сарони давлатҳо ва хоҳишу талошҳои мардумони ҷумҳуриҳо маҷмуъи мушкилоти ҳалталаб аз байн бардошта шуд.
Сарони давлатҳо сафарҳои давлатии ҷавобии худро ба кишварҳои якдигар, натиҷагирӣ карда, аз раванди татбиқи санадҳои зимни сафарҳо имзошуда, бартараф намудани мушкилоти мавҷуда изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид гардид, ки ҳадафҳои созандаи сарони давлатҳо, аз ҷумла масъалаи сохтмони ду неругоҳ дар болои дарёи Зарафшон, таъсиси филиали ширкати “Артел” дар Тоҷикистон ва дигар иқдомоти нек ба манфиати мардумони тоҷику ӯзбек равона гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки таҳияву татбиқи лоиҳаҳо ва тавсеаи ҳамкории бахшҳои тиҷорату иқтисод, муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ байни кишварҳо таҳти назорати бевоситаи Сарвари давлати Тоҷикистон қарор дорад ва барои баҳрабардорӣ аз тамоми имкониятҳои истифоданашуда тадбирҳои мушаххас амалӣ мегардад. Барои татбиқи ин ҳадафҳо заминаи мусоиди ҳуқуқию қарордодӣ, захираҳои моддӣ ва нерӯи инсонӣ, анъанаҳои накуи таърихии дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мавҷуд аст.
Дар охир изҳори умед карда шуд, ки ҷонибҳо бо талошҳои муштарак ба масъалаи ҳалли мушкилот ва рушди бемайлони муносибатҳои ҳамкорӣ ноил мегарданд.