Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко аз Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»
Рӯзи 29-уми сентябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Сарони ду давлат аз вазъи феълии ангурбоғи хоҷагӣ, ки дар маҷмӯъ 500 гектарро ташкил медиҳад, дидан намуда, бо кормандони он аз наздик суҳбат карданд.
«Боғи Сомон» яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарвари мамлакат ба шумор рафта, кормандони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва парвариши ангурро соҳибанд. Аз ин ҷост, ки соли 2017 Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» беш аз 5 ҳазор тонна маҳсулот ҷамъоварӣ намуда, ҳамин тавр дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар саҳм гузошт.
Айни замон дар заминҳои хоҷагӣ 7 намуди ангур, аз ҷумла «Ҳусайнии сиёҳу сафед», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед» парвариш карда мешавад, ки тибқи нишондодҳо, имсол нисбат ба солҳои қаблӣ ҳосили бештар дорад.
Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” баробари парвариши васеи навъу намудҳои гуногуни ангур, инчунин ба парвариши чорвои калону майда низ машғул аст. Айни ҳол хоҷагӣ 4 ҳазор сар чорвои хурд ва бештар аз 100 сар чорвои калони шохдорро дар ихтиёр дорад.
Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ташкил ёфта, айни замон 1100 нафар саҳмдор дорад. Барои парвариш ва нигоҳубини ангур хоҷагӣ дорои таҷрибаи бой корӣ ва шароити мусоид буда, чанд рӯз қабл бо оғоз гардидани фаъолияти сардхонаи нав, иқтидори нигоҳдошти маҳсулот дар ин хоҷагӣ ба 2 ҳазор тонна расонида шуд. Акнун имкониятҳои нигоҳдошти маҳсулот ва захираи он дар хоҷагӣ зиёд шуда, онҳо метавонанд қариб дар ҳамаи фаслҳои сол бозорҳои кишварро бо меваю сабзавоти худӣ таъмин намоянд.
Дар ҳудуди хоҷагии деҳқонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар номгӯи маҳсулоти ғизоӣ, ки аслан аз ангур омода мешаванд, дидан намуданд.
Аҳли заҳмат навъҳои гуногуни ангурро, ки дар шаҳри Турсунзода парвариш меёбанд, ба намоиш гузоштанд. Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки Турсунзода яке аз минтақаҳои асосии ангурпарварӣ дар Тоҷикистон маҳсуб ёфта, танҳо дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов 312 хоҷагии хурд ва 2 хоҷагии бузурги ангурпарвар фаъолият доранд, ки саҳми онҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулот ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат чашмрас мебошад.
Иброз гардид, ки дар бозорҳои хориҷи кишвар низ талабот ба ангури Тоҷикистон зиёд аст. Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» ҳамасола навъҳои гуногуни ангурро ба Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Федератсияи Россия содирот мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко зимни суҳбату боздид ба кори хоҷагии мазкур баҳои баланд дода, барои густариши фаъолияти минбаъда, ба роҳ мондани ҳамкориҳои нав, бахусус бо хоҷагиҳои Ҷумҳурии Беларус дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.