Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Япония

 

Баррасии масоили ҳамкорӣ дар мулоқоти сарони давлатҳо бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар идома ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва истиқболи самимӣ ба Сарвазири Япония муҳтарам Синдзо Абэ изҳори сипос карданд.

Таъкид гардид, ки Япония дар сиёсати хориҷии давлати мо ҳамчун кишвари пешрафтаи олам мақоми хоса дорад ва мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ давлати шуморо ҳамчун шарики муҳим дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ менамоем.

Ҳамсон ва наздик будани мавқеъи кишварҳо оид ба ҳалли масъалаҳои калидии ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, дастгирии Япония аз татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоии Тоҷикистон, қабули Изҳороти якҷоя оид ба дӯстӣ ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Япония ва дигар омилҳо ба рушду густариши муносибатҳои кишварҳо саҳм гузоштанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар давоми муносибатҳои якҷоя зиёда аз 426 лоиҳаи иҷтимоӣ аз тарафи Ҳукумати Япония бо маблағи беш аз 350 миллион доллари америкоӣ татбиқ гардид ва ҳамаи ин барномаҳо бо ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам мебошанд.

Таҷдиди роҳи мошингарди “Дӯстӣ-Панҷи Поён” ва “Қӯрғонтеппа — Дӯстӣ” намунаи олии ҳамкории ду давлат буда, ҷавобгӯи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвари мо дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот саҳми назарраси Агентии байналмилалии ҳамкории Япония (JICA) ва Муколамаи “Япония Осиёи Марказӣ” барои таҳкими ҳамкорӣ махсус қайд гардид.

Таъкид шуд, ки аз руи натиҷаи соли гузашта ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо 40 миллион доллари америкоиро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 10 миллион доллар зиёд аст.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот оид ба ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, ҳамкории техникӣ-гуманитарӣ, татбиқи 50 санади ҳамкории қаблан имзошуда, иштироки ҷониби Япония дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, таҳқими ҳамкорӣ дар соҳаи дастгирии молиявӣ, ҷалби мустақими сармояи японӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок, таъсиси Фонди муштараки сармоягузорӣ, табодули андеша карданд.

Рушди соҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, истеҳсоли неруи барқ ва дигар манбаъҳо, тарҳрезии барномаи муштараки дарозмуҳлат оид ба азхудкунии иқтидори азими гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ба хотири таъмини амнияти энергетикӣ, интиқоли неруи тозаи барқ ба бозори Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла ба Афғонистону Покистон, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи саноати кӯҳӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фармасевтика аз самтҳои ояндадори ҷонибҳо арзёбӣ карда шуд.

Яке аз омилҳои рушди муносибатҳои иқтисодӣ — тиҷоратӣ ҳавасмандии ҳамкории доираҳои соҳибкории Япония барои ҷорӣ кардани тиҷорат дар Тоҷикистон маънидод гардид. Намунаи олии ин ҳамкорӣ фаъолияти пурсамари корхонаи муштараки “Аввалин” оид ба коркарди растаниҳои шифобахш ва истеҳсоли доруворӣ аз он мебошад.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис дода шудаанд ва барои ҷалби сармояи хориҷӣ имконоти фарохро муҳайё кардааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори фарҳангӣ — гуманитарӣ, табодули таҷрибаи доираҳои илмии ду кишвар, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисони тоҷик дар муассисаҳои олии Япония ба хотири рушди неруи инсониро баррасӣ карданд.

Зимни баррасии масъалаҳои таъмини амниятӣ аз саҳми назарраси ҷониби Япония барои таҳкими сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон изҳори сипос карда шуд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони маҳалҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ба хотири рушди тиҷорати наздисарҳадӣ ҳавасманд аст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Япония бо иштирок ва дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Синдзо Абэ маросими имзои ҳуҷҷатҳо сурат гирифта, 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

Нахуст зери Изҳороти муштарак доир ба тақвият ва густариши минбаъдаи шарикии нав миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония муҳтарам Синдзо Абэ имзо карданд.

Сипас, аз ҷониби намояндагони расмии ду кишвар санадҳои зерин ба имзо расид:

— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Япония барои солҳои 2019-2021;

— Ёддоштҳои табодулӣ вобаста ба лоиҳаи “Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ” (лоиҳаи JDS);

— Созишномаи грантии лоиҳаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)”;

— Ёддошти тафоҳум оид ба давраи машқу тамрини пеш аз Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 миёни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Аомории Япония Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Япония;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф, фарҳанг ва варзиши Япония;

— Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Япония.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония муҳтарам Синдзо Абэ барои доираи васеъи хабарнигорон нишасти мабтуотӣ ороста, мулоқоту музокироти сатҳии олии дуҷонибаро натиҷагирӣ карданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad