Мулоқот бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар

 

24 октябри соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон бин Саъд ал-Мурейхиро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он кишвар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ табодули назар намуданд.

Ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда миёни кишварҳо бо мақсади рушди дӯстии анъанавии Тоҷикистону Қатар, ки ба руҳияи муносибатҳои тарафайни мардумони ду кишвар мувофиқ аст, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad