Машваратҳои сиёсии дуҷониба байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар
24 октябри соли 2018 Машваратҳои сиёсии дуҷониба байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар зери роҳбарии Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон бин Саъд ал-Мурейхӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гардид.
Зимни машваратҳои дуҷониба ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодию тиҷорати,ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавиву байналмилалӣ ,вазъ дар Афғонистон ва минтақа,мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар масъалаҳо мавриди эҳтимоми муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.