Иқтисодиёт

1. Ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди бахши хусусӣ

Татбиқи иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалисозии ислоҳот дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятнок дар ин давра самараи хуб дода, дар кишвар барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ фазои мусоид фароҳам овард.

Аз аввали солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти низоми иқтисодиёти миллиро тавассути аз низоми банақшагирии мутамаркази давлатӣ ба иқтисоди бозоргонӣ гузаронидани соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба роҳ монда, дар ин самт як қатор корҳои муҳимро анҷом дод.Дар ин самт барои гузаронидани ислоҳот қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии муайянкунанда ва танзимкунандаи муносибатҳои иқтисодӣ қабул карда шуданд.

Ба вуҷуд омадани шаклҳои гуногуни моликият, ташкили намудҳои мухталифи пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ, ҷорӣ намудани пули миллӣ, озод намудани нархҳо, ташкили корхонаҳои муштарак, ташкили савдои озоди хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ барои тақвияти иқтисодиёти Тоҷикистон қадамҳои ҷиддӣ мебошанд.

Аз нимаи дуюми солҳои 90-ум ислоҳоти иқтисодӣ хусусияти комплексӣ ва мақсаднокро касб намуд ва барои нигоҳ доштани пастравӣ дар истеҳсолот ва таъмини рушди устувори солонаи иқтисодӣ шароитҳои мусоид фароҳам овард.

Пай дар пай амалӣ гардидани ислоҳоти сохторӣ дар самтҳо ва соҳаҳои муҳими давлатӣ, бахусус идоракунӣ, молия, фаъолияти бонкӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, инчунин маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавассути таҳия ва татбиқи як қатор барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва амалисозии тадбирҳои муассир барои ҳаматарафа рушд ёфтани иқтисодиёти мамлакат заминаи мусоид гузошт.Танҳо дар давоми 15 соли охир, (солҳои 2000–2015) маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ 19,6 маротиба афзоиш ёфтаааст, ки дар диаграммаи зерин ин бартариро метавон қиёс кард.

ММД ба ҳар нафар аҳолӣ дар солҳои 2000-2015 (сомонӣ)

Суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ низ дар тӯли 25 соли истиқлолияти давлатӣ хеле назаррас буда, аз сиёсати бобарори иқтисодии Ҳукумати кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Дар ин замина, нисбат ба соли 2000-ум ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ 55,3 маротиба зиёд гардидааст.

Нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат дар маҷмӯъ дар ҷадвали 1 оварда шудаанд.

Ҷадвали 1. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2009 2010 2011 2012 2013 2014 2015 2016
ММД бо нархҳои ҷорӣ,
млрд. сомонӣ
20,6 24,7 30,1 36,2 40,5 45,6 48,4 54,5
Суръати рушд, % 103,9 106,5 107,4 107,5 107,4 106,7 106,0 106,9
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ,
млрд. сомонӣ
6,5 8,2 7,9 9,5 9,9 10,5 12,2 15,1
Суръати рушд, (%) 93,6 109,2 105,7 110,8 103,8 105,0 111,3 116,0
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, 
млрд. сомонӣ
8,8 9,4 14,9 16,5 16,8 21,0 21,6 22,2
Суръати рушд, % 110,5 106,8 107,9 110,4 107,6 104,5 103,2 105,2
Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ, 
млрд. сомонӣ
3,9 4,7 5,0 4,5 5,8 7,5 9,7 11,1
Сатҳи таваррум, барои давра, % 5,0 9,8 9,3 6,4 3,7 7,4 5,1 6,1
Сатҳи бекорӣ, % 2,2 2,1 2,3 2,4 2,3 2,4 2,3 2,4
Хароҷоти буҷети давлатӣ,
млрд. сомонӣ
5,7 6,7 8,5 9,1 11,6 13,2 15,7 18,4

Эзоҳ: Нишондиҳандаҳои соли 2016 аз рӯи ҷамъбасти пешакӣ оварда шудаанд.

 

Рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва дар ин ҷода беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ба он мусоидат намуд, ки аз соли 2000 то соли 2015 ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ 25,4 маротиба афзоиш ёбад.

Даромади пулии аҳолӣ дар солҳои 2000-2015 (млрд. сомонӣ)

Ба самти дигари муҳими нишондиҳандаи рушди иқтисоди миллӣ – гардиши савдои хориҷӣ назар андозем, мушоҳида менамоем, ки дар соли 1991 он ҳамагӣ 131,1 млн. долл. ИМА-ро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар 25 соли истиқлолияти давлатӣ 33,0 маротиба афзоиш ёфтааст.

Гардиши савдои хориҷӣ дар солҳои 2000-2015 (млрд. долл. ИМА)

Бояд зикр намуд, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади пайгирии раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва тарҳрезии ҳадафҳои муосири иқтисодӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар ин солҳо Шӯрои миллии рушд дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки он таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, самтҳо ва ҳадафҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи иқтисоди миллиро муайян менамоянд.

Барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат ҳадафҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар муайян карда шуда, то ин давра барои амалӣ намудани ҳадафҳои мазкур корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.

Ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва ба давлати содиркунандаи қувваи барқи арзони аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил додани Тоҷикистон татбиқи маҷмӯи ислоҳоти иқтисодию сохторӣ дар доираи ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз ҷумла Консепсияи рушди энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 бо ташкили як қатор комплексҳои саноатӣ ва сӯзишвориву энергетикӣ, инчунин сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурду бузург амалӣ карда шуданд.

Дар иқтисодиёти мамлакат, хусусан дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми соҳаи кишоварзӣ хеле бузург аст. Инро ба назар гирифта, як қатор тадбирҳо, аз қабили ба деҳқон вогузор намудани истифодаи замин, таъмини аҳолӣ бо маҳсулот ва корхонаҳо бо ашёи хом, муҳайё намудани ҷойҳои корӣ дар бахши кишоварзӣ роҳандозӣ шуданд, ки дар натиҷа ин ҳама ба афзун гардидани иқтидори содиротии мамлакат низ такон бахшиданд.

Ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ додани кишвар ва ба минтақаи транзитӣ табдил додани он дар давраи истиқлолият сохтмони як қатор роҳу пулҳо ва нақбҳои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалидошта ба итмом расонида шуда, сохтмон ва барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Чанок ва Душанбе — Турсунзода (ба самти Ӯзбекистон), Душанбе – Қулма (ба самти Хитой), Душанбе – Саритош (ба самти Қирғизистон) ва пулҳо тавассути дарёи Панҷ барои пайвастшавии ҷумҳурӣ бо Афғонистон амалӣ карда шуданд.

Бо мақсади пешбурди сиёсати давлатӣ ва ташкили фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ Ҳукумати кишвар ислоҳоти сохтории давлатиро дар соҳаҳои мухталиф бо роҳи гузариш ба низоми идоракунии давлатӣ дар асоси муносибатҳои нави бозорӣ ба роҳ монд.

Низоми идоракунии мазкур бо назардошти озодкунии (либерализатсияи) муносибатҳои иқтисодӣ имконият дод, ки тамоми соҳаҳои воқеии иқтисодиёт дар заминаи ба вуҷуд омадани моликияти хусусӣ ва фаъолияти озоди бахши хусусӣ ташаккул ва рушд ёфта, ба бунёди корхонаҳои нав ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.

Фароҳам гардидани шароити мувофиқ барои ташаккул ва рушди шаклҳои гуногуни моликият ва дар ин замина зиёд шудани усулҳои нави хизматрасонӣ дар 25 соли истиқлолияти давлатӣ ба таъмини муҳити хуби фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мусоидат намуд.

Моҳияти асосии ислоҳоти иқтисодӣ аз хусусигардонии моликияти давлатӣ ва ташаккули шаклҳои гуногуни моликият ибтидо мегирад. Муҳимтарин марҳилаи давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ пайдоиши моликияти хусусӣ ва ҳимояи он ба ҳисоб меравад.

Сиёсати ягонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хусусигардонии моликияти давлатӣ аз аввали солҳои истиқлолияти давлатӣ оғоз гардида, соли 1997 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

Қонуни мазкур барои ташаккули сохтори нави иқтисодиёт замина гузошта, роҳ ба ҷониби иқтисоди озоди бозорӣ кушод. Хусусигардонии моликият барои ҷалби васеи сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ низ шароити мусоид фароҳам овард.

Вобаста ба мақсад ва вазифаҳои гузошташуда хусусигардонии моликияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ дар ду марҳила гузаронида шуд.

Дар давраи аввал хусусигардонии хурд – корхонаҳои соҳаҳои савдо, хӯроки умумӣ, хизмати маишӣ ва воситаҳои нақлиёт ва дар давраи баъдӣ таҷдиди корхонаҳои калон ва миёнаи cоҳаи саноат, нақлиёт, алоқа ва сохтмон гузаронида шуд.

Дар давраи солҳои 1991-2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11410 адад иншооти хурд ва 1367 адад корхонаи миёнаю калон хусусӣ гардонида шудааст.

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи иқтисод ба самти дастгирии ҳаматарафаи ташаббуси бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ равона гардида, дар ин самт ҷиҳати аз байн бурдани монеаҳои маъмурии сунъӣ ва таъмини шаффофияти меъёрҳои ҳуқуқӣ нисбат ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.

Дар қонунгузорӣ вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ барои ҷалби бештари сармоягузориҳо имтиёзҳои зиёди андозию гумрукӣ, бахусус дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз қабили кишоварзӣ, истифодаи қаъри замин, коркарди ниҳоии маҳсулот, энергетика ва ғайра пешбинӣ карда шудаанд.

Дар самти ислоҳоти низоми андозбандӣ таҳрири нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар он номгӯйи андозҳо аз 21 то 10 намуд кам карда шуд. Инчунин аз 1 январи соли 2017 ин шумора ба 9 намуд расонида мешавад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ гузаронида шуда, дар доираи он шумораи иҷозатҳо аз 650 то 74 адад кам гардид. Дар заминаи ислоҳоти мазкур дар ҷумҳурӣ Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ҷорӣ карда шуд.

Бо мақсади таъмини рушди иқтисодии мамлакат тавассути беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ соли 2007 Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусии ватанию хориҷӣ ва шарикони рушд шомиланд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолият сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифта, бо бо зиёда аз 120 давлати ҷаҳон равобити мустақими иқтисодию тиҷоратиро ба роҳ монд.

Ислоҳоти амалигардида барои беҳтар намудани мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳон ва рейтингҳои байналмилалӣ, бахусус барои беҳтар намудани мавқеи Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ мусоидат намуда, мавқеи кишвар аз соли 2009 то соли 2016 дар ин ҳисобот даҳҳо зина боло рафт ва дар ин давра Тоҷикистон се маротиба ба рӯйхати даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгар шомил шуд.

2. Муътадилгардии вазъи молиявӣ ва низоми бонкӣ

Дар даврони соҳибистиқлолӣ системаи молияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла заминаи қонунгузории он дар доираи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ташаккул ёфта, низоми нави молия дорои принсипҳои шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва самаранокӣ мавриди амал қарор гирифт.

Инчунин дар системаи хазинадории молияи кишвар низоми электронии корбарӣ ҷорӣ гардид, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, шаффофияти низоми пардохт ва хизматрасониҳои сатҳи баландро ба миҷозон таъмин менамояд.

Самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият дар асоси талаботи барномаҳои қабулгардидаи давлат ба таҳкими бахши иқтисодию молиявӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ нигаронида шуда буд.

Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», барои инкишофи бозори хизматрасонии маблағгузории хурд дар ҷумҳурӣ ва рушди соҳибкорӣ замина пайдо шуд.

Агар дар соли 1995 ҳаҷми маблағгузории қарзӣ ба иқтисодиёт 9,1 млн. сомониро ташкил дода бошад, танҳо дар соли 2015 ҳаҷми қарзҳои додашуда ба иқтисодиёт ба 12,5 млрд. сомонӣ расидааст, ки 42 фоизи онро қарзҳои хурд ташкил медиҳанд.

Ҷорӣ шудан ва кори босамари низоми электронии пардохт, кортҳои пластикӣ, банкоматҳо дар фаъолияти бонкҳои ҷумҳурӣ низ яке дастовардҳои низоми бонкдорӣ дар даврони истиқлолият мебошад.

Ба муомилот баровардани пули миллӣ, ташкили бозори дохилии асъор ва низоми ҳисоббаробариҳои байналхалқӣ, узвият ба созмонҳои бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ, муҳайё кардани асосҳои ҳуқуқӣ ва кафолатҳои давлатии мубодилашаванда будани пули миллӣ аз дастовардҳои назарраси сиёсати пулию қарзӣ дар 25 соли истиқлолият ба ҳисоб меравад.

3. Рушди ботадриҷи саноат

Саноати имрӯзаи Тоҷикистон дорои заминаи маҷмӯии инкишофёфта ва аз ҷиҳати техникӣ муҷаҳҳаз буда, соҳаҳои гуногунро дар бар мегирад. Онро зиёда аз 90 самти истеҳсолот ва бештар аз 140 навъи маҳсулот муаррифӣ мекунанд, ки ба соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истихроҷи ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металл, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ тааллуқ доранд.

Айни замон масъалаҳои суръатбахшии рушди соҳаи саноат ва устувории он, дигаргунсозии куллии сохторӣ, таъсиси корхонаҳои хусусӣ бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ, ҷорӣ намудани навовариҳои техникию технологӣ дар истеҳсолоти саноатӣ зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Бо ин мақсад даҳҳо созишномаҳои ҳамкорӣ байни Хукумат ва ширкатҳои ватанӣ ва ширкатҳои мамлакатҳои хориҷии дуру наздик вобаста ба таъсиси корхонаҳои нави металлургӣ, истеҳсоли семент ва дигар навъҳои маводи сохтмон, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, ангишт, нафт ва газ, маҳсулоти кимиёвӣ, мошинсозӣ ва коркарди металл ба имзо расида, бомуваффақият татбиқ шуда истодаанд.

Дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномаҳои давлатии рушди минтақавию соҳавӣ, масъалаи ҷойгиркунии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар минтақаҳо, мутобиқи кофӣ будани захираи ашёи хоми табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ афзалиятҳои сиёсати кишвар дар соҳаи саноат муқаррар карда шудааст.

Дар тӯли 25 соли истиқлолияти мамлакат бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд ва ҷойҳои корӣ барқарор шуданд. Айни замон, шумораи онҳо то 2068 адад расида, зиёда аз 86,4 ҳазор нафар аҳолии мамлакатро ба кори доимӣ таъмин намуда истодааст.

Боиси қайд аст, ки дар давоми солҳои 2005-2015 ба рушди соҳаҳои саноати кишвар дар маҷмӯъ 3,3 млрд. доллари ИМА сармоягузорӣ шудааст, аз ҷумла сармоягузории мустақим 2,8 млрд. доллари ИМА ва дигар сармоягузориҳо 474,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2015 ба 12,2 млрд. сомонӣ расонида шуд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар солҳои 1991-2015 (млн. сомонӣ)

Саноати хӯрокворӣ ва комплекси аграрии Тоҷикистон барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши муҳим бозида, дар баробари ин, ҷиҳати ҳалли як зумра масъалаҳо, аз қабили таъмини аҳолии мамлакат, махсусан дар деҳот, бо ҷойҳои корӣ, ҳиссагузорӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти дохилӣ ва зиёд намудани иқтидорҳои содиротии кишвар аҳамияти басо муҳим дорад.

Шумораи корхонаҳои соҳа аз 300 адади соли 1990 ба 700 адад корхонаҳои бузург ва миёнаву хурд дар соли 2015 афзуд, ки зиёда аз 7,5 ҳазор аҳолии қобили меҳнатро фаро гирифтааст.

Саноати сабук ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи саноат ба шумор рафта, на танҳо мушкилиҳоро вобаста ба таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ, маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва ғайра ҳал менамояд, балки дар рушди дигар соҳаҳо низ, махсусан кишоварзӣ мусоидаткунанда мебошад.

Тоҷикистон дорои захираҳои калони ашёи хоми ғайримаъданӣ барои истеҳсоли масолеҳи сохтмон буда, дар ҷаҳон яке аз мавқеъҳои пешбарандаро ишғол мекунад. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 400 кон бо захираи 30 навъи гуногуни ашёи хом (оҳаксанг, санги хоро, гранодиорит, мармар, оҳаксанги мармарӣ, гаҷ, хок, қуми кварсӣ ва ғайра) ифтитоҳ ва мавриди омӯзиш қарор доранд.

Саноати масолеҳи сохтмонӣ тибқи барномаю консепсияҳое, ки барои то ду маротиба афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина паст кардани сатҳи камбизоатӣ равона карда шудаанд, рушд меёбад. Агар солҳои 90-уми асри гузашта дар саноати масолеҳи сохтмони ҷумҳурӣ 30 корхонаи саноатӣ вуҷуд дошта бошанд, дар соли 2015 шумораи умумии онҳо ба 450 адад расида, дар онҳо 8431 нафар кор мекунанд, ки назар ба соли 1991 қариб се маротиба зиёд аст.

Шурӯъ аз соли 2005 дар заминаи корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, корхонаҳои коркарди оҳанпораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга таъсис ёфтанд, ки ҳоло шумораашон то ба 33 адад расидааст. Корхонаҳои мазкур аз партовҳои металлӣ асосан арматураи сохтмонӣ, кунҷакҳои металлӣ, симҳои металлӣ, шкифҳои алюминӣ ва ғайра истеҳсол намуда, маҳсулоти тайёрро ба бозори дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод менамоянд.

Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор буда, дорои захираҳои зиёди канданиҳои фоиданок мебошад ва азхудкунии онҳо барои рушди иқтисодиёти миллӣ яке аз самтҳои асосӣ арзёбӣ мегардад.

Дар соли 2016 ҳаҷми маҳсулоти саноатиро ба 2,3 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиши истеҳсоли металли №1 — 112,5 фоиз ва металли №2 — 143,5 фоиз расонида шуд. Истеҳсоли хокаи сурб ба 60,0 ҳаз. тонна, хокаи руҳ 108,0 ҳаз. тонна, хокаи мис 20 ҳаз. тонна ва хокаи сурма ба 33,5 ҳазор тонна таъмин гардид.

Вобаста ба соҳаи кимиё ва нафту кимиё бояд қайд намуд, ки дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 10 корхона арзи вуҷуд дошт, ки нишондиҳандаи мазкур дар соли 2015 ба 45 адад расида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои мазкур ба 86 млн. сомонӣ баробар шудааст.

Соҳаи ихтироҷи ангишт муҳимтарин сохтори комплекси сӯзишворию энергетикӣ ба ҳисоб рафта, дар коҳиш додани маҳдудияти энергетикӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватанию хориҷӣ метавонад нақши муассир дошта бошад. Бо афзун гардидани талабот ба ангишт дар соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ истихроҷи он дар соли 2015 ба 1,4 млн. тонна расонида шуд.

4. Роҳ ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ

Дар солҳои соҳибистиқлолият Ҳукумати мамлакат дар ҷодаи муваффақ гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – истиқлолияти энергетикӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.

Дар давраи 25 соли истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ 398,7 млрд. кВт/соат энергияи барқ ва 20,9 млн. Гкал энергияи гармӣ истеҳсол карда шуда, дар ҳаҷми 20,5 млрд.кВт/соат содирот ва 23,1 млрд. кВт/соат воридот гардидааст.

Дар ин давра бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ як қатор лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар бахши энергетика амалӣ карда шуда, ба соҳа аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1861,8 млн. долл. ИМА равона карда шудааст.

Бо мақсади рушди босуботи соҳаи энергетика дар доираи ин ҳадафҳо дар солҳои истиқлолият дар кишварамон иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва монанди як қатор нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқӣ, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор сохта ба истифода дода шуда, солҳои охир татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA – 1000 ва барқарору идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гардидааст.

Дар ин давра иншоотҳои калонтарини зерин сохта ба истифода дода шуданд:

— нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда – 1” бо иқтидори 670 МВт;

— нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда – 2” бо иқтидори 220 МВт;

— маркази барқу гармидиҳии Душанбе – 2 бо иқтидори 400 МВт;

— хатти интиқоли барқи 500 кВ “Ҷануб-Шимол”;

— хатти интиқоли барқи 220 кВ «Конибодом-Баткент»;

— хатти интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор-Хатлон”;

— хатти интиқоли барқии 220 кВ Тоҷикистону Афғонистон.

Дар натиҷаи ин чорабиниҳо иқтидорҳои истеҳсолӣ ва имконияти содиротии мамлакат ба дараҷае зиёд шуда, васеъ шудани инфрасохтори интиқолии барқ барои иқтисодиёту иҷтимоиёт имкониятҳои навро фаро оварда, некуаҳволии мардум ва дастрасӣ ба барқро беҳтар гардонд.

Дастовардҳои соҳаи энергетика дар давраи соҳибистиқлолӣ бо татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA – 1000 ва сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» боз ҳам назаррас хоҳанд гардид ва дар ояндаи наздик соҳаи энергетикии кишвар боз ҳам рушд ёфта, иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ пурра ҳал хоҳад шуд.

5. Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ

Рушди соҳаи нақлиёт барои ҷумҳурӣ басо муҳим арзёбӣ гардида, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, бешубҳа, яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон маҳсуб мешавад.

Бояд қайд намуд, ки рушди воқеии соҳаи нақлиёт дар даврони истиқлолият аз соли 1997 оғоз гардидааст. Дар он солҳо ҳамагӣ 42 фоизи роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва 20 фоизи роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта болопӯши мумфарш доштанд, ки аз ин 73 фоиз дар ҳолати паст, 26 фоиз дар ҳолати миёна ва танҳо 1 фоиз дар ҳолати хуби техникӣ буд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ яке аз вазифаҳои соҳа – бунёди инфрасохтори нақлиёт бо мақсади раҳоӣ намудани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба шумор мерафт. Барои расидан ба ин ҳадаф то имрӯз дар комплекси нақлиёти ҷумҳурӣ 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, зиёда аз 2 ҳазор километр роҳҳои мошингард, 31 км нақбҳо, 200 адад пулҳо ва 173,2 километр роҳи оҳан сохтаву таҷдид шуд.

Айни замон дар миқёси мамлакат 16 лоиҳаи инвеститсионӣ мавриди татбиқ қарор дорад.

Дар масъалаи нигаҳдории ҳолати хуби роҳҳо Ҳукумати кишвар маблағгузориро аз буҷаи давлатӣ сол ба сол афзун менамояд. Чунончӣ, агар дар соли 2000 барои ин мақсад 3,8 млн. сомонӣ ҷудо шуда бошад, дар соли 2015 ҳаҷми маблағгузорӣ ба 60,9 млн. сомонӣ расидааст, ки нисбат ба он солҳо 16 баробар зиёд мебошад.

Дар тӯли солҳои 2008 — 2016 аз ҳисоби сармоягузориҳои хориҷӣ 38 лоиҳаи инвеститсионӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарди нақлиётӣ татбиқ шуда истодааст. Дар ин муддат сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарди «Мурғоб – Қулма», «Шоҳон – Зиғар, марҳилаҳои 1, 2, 3», «Шкев – Зиғар», «Душанбе – Қӯрғонтеппа – Данғара – Кӯлоб», «Дӯстӣ – Панҷи Поён, марҳилаҳои 1, 2», «Душанбе – сарҳади Қирғизистон, марҳилаҳои 1, 2, 3», «Душанбе – Чаноқ – сарҳади Ӯзбекистон», «Қӯрғонтеппа – Дӯстӣ, марҳилаи 1», «Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон», «Айнӣ – Панҷакент – сарҳади Ӯзбекистон», инчунин нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Дӯстӣ», «Озодӣ» ва «Хатлон» ба анҷом расонида шуданд.

Дар ин давра бо 21 давлати хориҷии дур ва 13 давлати хориҷии наздик созишномаҳои дуҷониба ҳамлу нақли мутақобила ба тасвиб расиданд. Ҳамзамон ҷиҳати рушди равобити байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти нақлиёти автомобилӣ 9 конвенсия ва созишномаҳои байналмилалӣ имзо шуданд, ки ба беҳтар гардидани ҳамлу нақли байналмилалӣ мусоидат намудаанд.

Дар солҳои Истиқлолият 9 терминали байналмилалии боркашонӣ, 5 терминали мусофирбарӣ сохта ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамчунин теъдоди корхонаҳои нақлиётӣ афзуда, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 220 муассисаи нақлиётӣ, 57 терминали мусофирбарӣ, 18 терминали боркашонӣ, 836 хатсайри мусофирбарӣ ва 41 ширкати нақлиёти байналмилалӣ фаъолият доранд.

Дар ин давра соҳаи ҳавопаймоӣ низ ботадриҷ ривоҷ ёфта, бо 21 кишвари хориҷии дуру наздик оид ба алоқаи ҳавоӣ созишномаҳо ба имзо расиданд, ки аз инҳо 7 кишвари ИДМ: Россия, Белорус, Украина, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, 10 кишвари Осиё: Туркия, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Хитой, Покистон, Таиланд, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Корея ва 4 кишвари Аврупо: Люксембург, Олмон, Австрия ва Латвия мебошанд.

Айни замон, ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар 33 самт ба 9 кишварҳои дуру наздик мутобиқи ҷадвали парвозҳо хизмат мерасонанд. Ба 200 ширкати ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ пешкаш карда мешавад.

Дар ин давра дар фурудгоҳи Душанбе ва Хуҷанд терминалҳои нави ҳозиразамон сохта ва фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ таҷдид гардонида шуданд.

Соли 1999 роҳи оҳани Қӯрғонтеппа — Кӯлоб бо дарозии 132 километр мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло қисмати Ваҳдат – Ёвон сохтмони бо дарозии 40,7 километр хатти роҳи оҳани Душанбе — Хатлон анҷом ёфт, ки дар рӯзҳои ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Айни ҳол 33 истгоҳу 2 вокзали роҳи оҳан, ки таҷдиду аз нав сохта шудаанд.

Ҳамчунин, соли 1995 аввалин корхонаи вагонтаъмиркунии дар шаҳри Конибодом ва соли 2003 аввалин заводи истеҳсоли шпалҳои оҳану бетонӣ дар шаҳри Сарбанд ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар ин давра иқтидори иқтисодии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо харидории 937 вагони нави боркашу мусофирбар ва 9 тепловоз зиёд гардид.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи алоқа ба таври назаррас рушд намуда, барои пешрафти соҳаҳои дигари иҷтимоию иқтисодии кишвар мусоидат намуда истодааст. Бояд қайд кард, ки ҳаҷми хизматрасонии соҳаи алоқа бо назардошти операторони хусусӣ дар соли 2000 – 5,5 млн. сомонӣ, соли 2005 – 436,3 млн. сомонӣ, соли 2010 – 1778,4 млн. сомонӣ ва дар соли 2015 – 2716,0 млн. сомониро ташкил додааст. Аз таҳлили нишондодҳои мазкур бармеояд, ки ҳаҷми хизматрасонии соҳа дар соли 2015 нисбат ба соли 2000-ум 494 баробар зиёд гардидааст.

Шабакаҳои интиқоли барномаҳои миллии радиову телевизион ва алоқа пурра ба пахши рақамӣ гузашта, дастрасии бемамонияти аҳолии тамоми минтақаҳои кишварро ба хизматрасониҳои иттилоотии муосир таъмин менамоянд.

Дар давоми солҳои 2005-2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи алоқаи барқӣ васеъ гардида, ҳаҷми хизматрасонӣ ва миқдори истифодабарандагон зиёд ва даромаднокии соҳа рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Миқдори муштариёни интернет дар соли 2005 – 67134 нафар, дар соли 2010 – 1,3 миллион нафар, айни замон ба 2,9 миллион нафар расидааст.

6. Таъмини амнияти озуқаворӣ

Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ маҳз ба пешрафти соҳаи мазкур вобастагӣ дорад. Мавриди зикр аст, ки айни замон соҳаи мазкур 20-23,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро таъмин намуда, баҳри таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо озуқаворӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ, ки барои тавсеаи такрористеҳсолкунӣ зарур аст, мусоидат менамояд.

Дар соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 21,6 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991 68,8 фоиз афзоиш ёфта, ба соҳаи растанипарварӣ 14,6 млрд. сомонӣ ва чорводорӣ 7,0 млрд. сомонӣ рост меояд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ бо дарназардошти афзоиши аҳолии кишвар ва зиёд гардидани талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ ба гардиши кишоварзӣ 9,6 ҳазор гектар заминҳои нав ворид карда шуд.

Татбиқи ислоҳот дар соҳа имкон дод, ки соли 2015 нисбат ба соли 1997 истеҳсоли ғалла бештар аз 2,5 маротиба, картошка 6,9 маротиба, сабзавот қариб 4,8 маротиба, зироатҳои полезӣ қариб 9,2 маротиба, меваҷот 2,6 маротиба, истеҳсоли гӯшт қариб 3 маротиба, шир 3,8 маротиба, тухм қариб 52 маротиба зиёд гардад.

Мавриди зикр аст, ки маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2015 нисбат ба соли соли 1997-ум 3,7 маротиба афзоиш ёфтааст.

Ғаллакорони мамлакат дар тӯли чаҳоряки асри истиқлолият тавонистанд, ки истеҳсоли ғалладонаро ба 1,39 млн. тонна расонанд. Ин омил аз он шаҳодат медиҳад, ки бо истифодаи оқилонаи заминҳои корами обӣ ва ба роҳ мондани кишти такрории зироатҳо бо истифодаи тухмиҳои хушсифат ва риояи дурусти парвариши агротехникии зироатҳои кишоварзӣ таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо маводи озуқа имконпазир мегардад. Ҳосилнокии миёнаи ғалладона аз 12,8 сентнери соли 1991 ба 28,6 сентнер дар соли 2015 расонида шуд.

Бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур дар соли 2011 бунёди боғи нав дар ҷумҳурӣ 11,7 ҳазор гектар, 1,2 ҳазор гектар токзори нав ва барқароркунии боғҳои кӯҳна 1,7 ҳазор гектар ва токзори кӯҳна 360,6 гектарро ташкил дод.

Бояд қайд кард, ки то соли 2007 дар ҷумҳурӣ 8 корхонаи паррандапарварӣ фаъолият дошт, айни ҳол теъдоди корхонаҳои паррандапарварӣ ба 118 адад расидааст.

Ба 1 январи соли 2016 дар ҳамаи навъҳои хоҷагидорӣ 5143 ҳазор сар парранда парвариш карда, дар ин давра 357,2 млн. дона тухм истеҳсол карда шудааст.

Дар соли 2015 истеҳсоли гӯшт 217,7 ҳазор тонна ва шир 889,0 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 1991 мутаносибан 67,0 ҳазор тонна ва 301,8 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Агар дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ 1390,7 ҳазор сар чорвои калони шохдор (аз ҷумла 585,9 ҳазор сар модагов), 3355,0 ҳазор сар гӯсфанду буз ва 52,6 ҳазор сар асп мавҷуд бошад, пас дар соли 2015 ин саршумор ба таври назаррас афзоиш ёфтааст, аз ҷумла чорвои калони шохдор 2209,2 ҳазор сар ё 58,8 фоиз (аз ҷумла модагов 1131,9 ҳазор сар ё 93,1 фоиз), гӯсфанду буз 5279,3 ҳазор сар ё 57,3 фоиз ва асп 78,3 ҳазор сар ё 48,8 фоиз.

Дар ҳамаи навъҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба 1 январи соли 2016-ум 210,3 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта, истеҳсоли асал ба 3852,8 тонна расонида шуд.

Дар натиҷаи амалӣ шудани барнома нисбат ба соли 2011 миқдори оилаҳои занбӯри асал 29,7 ҳазор ва истеҳсоли асал 2652,8 тонна зиёд шудааст.

Соҳаи моҳипарварӣ низ дар солҳои соҳибистиқлолии кишварамон рӯ ба афзоиш аст. Бояд зикр кард, ки дар соли 2008 дар миқёси ҷумҳурӣ 8 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ фаъолият дошт, ки онҳо 225 тонна моҳӣ истеҳсол менамуданд. Дар тӯли 7 сол шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 220 адад ва истеҳсоли маҳсулоти моҳӣ 2023,3 тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 2008 мутаносибан миқдори хоҷагиҳо 213 адад ва истеҳсоли моҳӣ 1518,8 тонна зиёд гардидааст. Майдони умумии хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 5961,01 гектар ва майдони оинаи обиашон ба 2720,19 гектар расидааст, ки нисбат ба соли 2008 мутаносибан 222,6 ва 173,4 фоиз зиёд мебошад.

7. Сармоягузории соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ

Ҳукумати ҷумҳурӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатии кишвар ба масъалаи сармоягузориҳои соҳаҳои иқтисодиёт таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ва ғайра тадбирҳои мушаххасеро амалӣ намуда истодааст, ки боиси сол аз сол афзудани ҳаҷми сармоягузориҳои ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат гардидааст.

Танҳо дар зарфи 10 соли охир дар кишвар беш аз 90 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст. Дар айни замон 63 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми умумии зиёда аз 19 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар солҳои 2006 – 2015 дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бо нархҳои амалкунанда дар ҳаҷми 28,3 млрд. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағгузориҳои давлатӣ 9,3 млрд. сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда, ҳаҷми сармоягузориҳо ба маблағи 48,6 млрд. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағгузориҳои давлатӣ 18,3 млрд. сомонӣ азхуд карда шудааст.

Дар натиҷаи азхудкунии ин нишондиҳандаҳо дар солҳои 2006 – 2015 манзилҳои истиқоматӣ ба масоҳати 8 970 ҳазор метри мураббаъ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои аҳолӣ 7 574,5 ҳазор метри мураббаъ ва аз ҳисоби маблағгузориҳои давлатӣ 291 ҳазор метри мураббаъ сохта шудааст.

Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 184 719 ҷойи хонанда, муассисаҳои томактабӣ барои 2 373 ҷой, беморхонаҳо барои 2 953 кат, дармонгоҳҳо барои қабули 8 389 бемор дар як баст ба итмом расонида шудааст.

Дар давоми солҳои 1991 – 2015 ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузориҳои хориҷӣ ба маблағи умумии 8112,1 млн. доллари ИМА, аз ҷумла сармояи мустақим ба маблағи умумии 3562,4 млн. доллари ИМА ворид шудааст, ки 44 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузориҳои хориҷиро ташкил медиҳад.

8. Таҳаввулот дар соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ

Дар тӯли чаҳоряк асри Истиқлолияти давлатӣ бозори истеъмолии кишвар рӯ ба тараққӣ ниҳода, дар он вобаста ба раванди хусусигардонӣ, либерализатсияи савдо ва гузариш аз иқтисодиёти банақшагирӣ ба иқтисоди бозорӣ тағйироти сохтории назаррас рӯй дод.

Бояд тазаккур дод, ки солҳои аввали истиқлолият барои иқтисоди Тоҷикистон мушкилтарин давра ба ҳисоб мерафт, зеро паст гардидани нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ, бекорӣ, коҳишёбии даромади аслии аҳолӣ ва сатҳи баланди таваррум ба бозори истеъмолии ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мерасонд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таъмини бозори истеъмолӣ, инчунин беҳтар гардонидани сифати молҳо ва хизматрасонӣ, таъмини рақобати солим дар бозори истеъмолӣ ба яке аз ҳадафҳои асосии давлат дар ин самт табдил ёфт.

Таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ шаҳодат медиҳад, ки дар давраи солҳои 2006-2015 вазъи мусоиди иқтисодӣ, рушди соҳибкорӣ ва афзоиши даромади аслии аҳолӣ боиси афзоиши гардиши савдои чакана ва хизматрасонии пулакӣ гардид.

Гардиши бахши савдои чаканаи Тоҷикистон соли 2015 ба андозаи 14676,7 млн. сомонӣ расида, солҳои охир дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нақши муҳим мебозад.

Агар дар соли 2006 ҳаҷми гардиши савдои чакана ба ҳар нафар аҳолӣ 392,3 сомониро ташкил дода бошад, дар соли 2015 ин нишондиҳанда ба 1738,2 сомонӣ расидааст.

Инчунин дар сохтори гардиши савдои чакана ҳиссаи молҳои озуқаворӣ коҳиш ёфта, ҳиссаи молҳои истифодаашон дарозмуҳлат афзудааст, ки ин аз беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ шаҳодат медиҳад.

Агар дар соли 2006 дар ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ҳиссаи молҳои озуқаворӣ 52,7 фоиз ва ҳиссаи молҳои ғайриозуқаворӣ 47,3 фоизро ташкил дода бошад, бо афзоиши даромадҳои воқеии аҳолӣ дар соли 2015 ҳиссаи молҳои озуқаворӣ дар ҳаҷми умумии гардиши савдо то 48,7 фоиз коҳиш ёфта, ҳиссаи молҳои ғайриозуқаворӣ то 51,3 фоиз афзудааст.

Дар ҳаҷми умумии фурӯши молҳои ғайриозуқаворӣ ҳиссаи маводи бинокорӣ, автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳо бештар гардидааст.

Агар дар соли 2006 таъминоти аҳолӣ бо автомобилҳои сабукрав 24 адад барои ҳазор нафарро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2014 ба 43 адад барои ҳазор нафар расидааст.

Инчунин дар давоми солҳои истиқлолият ҳолати таъмини амнияти озуқаворӣ беҳтар гардида, сатҳи қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти серғизо баланд шудааст. Масалан, дар соли 2014 нисбат ба соли 2006 истеъмоли гӯшт ва маҳсулоти гӯшт қариб 2 маротиба, қанд ва маҳсулоти қаннодӣ 15,7 фоиз ва равғани растанӣ 25,1 фоиз афзудааст.

Навсозии ботадриҷи иқтисоди Тоҷикистон ба рушди соҳаи хизматрасонӣ ҷиҳати ба вуҷуд овардани тарзҳои нав ва васеъ шудани доираи хизматрасониҳои аудиторӣ, машваратӣ, дизайнерӣ, хизматрасонии алоқа ва интернетӣ мусоидат намуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар сохтори хизматрасонии пулакӣ низ тағйироти куллӣ ба амал омад ва аксарияти корхонаҳои хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ хусусӣ гардонида шуданд.   Солҳои аввали истиқлолият соҳаи хизматрасонӣ дар бахши давлатӣ 76,3 фоиз ва бахши ғайридавлатӣ 23,7 фоизро ташкил дода бошад, дар соли 2015 ҳиссаи бахши давлатӣ ба 15,5 фоиз коҳиш ёфта, бахши ғайридавлатӣ то 84,5 фоиз афзудааст.

Беҳтар шудани фазои соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаи хизматрасонӣ боиси рушди босуръати соҳа гардид.

Агар дар соли 2006 ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба ҳар сари аҳолӣ 30,1 сомониро ташкил дода бошад, дар соли 2015 ин нишондиҳанда ба 1137,8 сомонӣ расидааст. Инчунин ҳиссаи хароҷот барои пардохти хизматрасонии шахсӣ дар сохтори хароҷоти умумии хонаводаҳо низ ба андозаи назаррас афзудааст, соли 2000 дар сохтори хароҷоти умумии хонаводаҳо пардохти хизматрасонии шахсӣ танҳо 3,0 фоизро ташкил медод, дар соли 2014 ин нишондиҳанда то 12,0 фоиз афзудааст.

9. Фаъолияти иқтисодию тиҷоратии хориҷӣ

Қобили тазаккур аст, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти ҳамгироии иқтисоди кишвар бо ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон дод, ки муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи принсипҳои ҳамкории мутақобилаи судманд густариш ёбад ва Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои иқтисоди кушод шинохта шавад. Бо узвияти Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии савдо доираи ин ҳамкориҳо васеъ гашта, низоми савдои хориҷии кишвар шаффоф ва монеаҳои маъмурию техникӣ тадриҷан бартараф мегарданд.

Айни замон ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ҷумҳурӣ бо 120 давлати хориҷӣ сурат мегирад. Дар натиҷаи васеъ гаштани доираи ҳамкориҳо савдои хориҷии кишвар дар 25 соли истиқлолияти давлатӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт.

Ҳамин тавр, агар дар соли 1991 гардиши савдои хориҷӣ 131,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2000 ба 1459,3 млн. доллари ИМА расид, ки афзоиши он 11,1 маротиба аст.

Ин гуна тамоюли афзоиш дар тӯли солҳои 2007 – 2015 низ нигоҳ дошта шуда, нишондиҳандаи маҷмӯи гардиши савдои хориҷӣ аз 4015,3 млн. доллари ИМА то 4325,5 млн. доллари ИМА зиёд гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир вобаста ба ислоҳоти соҳаи савдо, фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ва кам кардани монеаҳои маъмурию техникӣ дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон гардиши савдои хориҷӣ 33 маротиба афзуд. Раванди диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва татбиқи барномаҳои рушди истеҳсолот дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ имкон дод, ки сохтори молӣ ва ҷуғрофии содироти кишвар ба таври назаррас тағйир ёбад. Дар сохтори содирот ҳиссаи маҳсулоти тайёри саноатӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, нерӯи барқ, маъданҳои кӯҳӣ, сангҳои қимматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва ғайра батадриҷ афзоиш ёфтааст.

Дар шароити кунунӣ, ки дар натиҷаи буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ рақобат дар бозорҳои ҷаҳон шиддат меёбад, Ҳукумати кишвар тасмим гирифт, ки стратегияи содироти кишварро дар давраи миёнамуҳлат ба ҳалли масъалаҳои баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулот мутобиқи меъёру стандартҳои СУС, Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё ва бозорҳои дигари эҳтимолии фурӯш, мукаммалсозии амалиётҳои бастабанду тамғагузорӣ, ҷорӣ намудани инноватсия дар истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, ташкили хизматрасониҳои логистикӣ, инфрасохтори нақлиёт ва инкишофи менеҷменти сифат равона намояд.

Барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо аз рӯи имкониятҳои истеҳсолӣ ва захираҳои табиии кишвар “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020” қабул гардидааст.

Дар Барнома интихоби самтҳои мушаххаси ояндадор ва бозорҳои мақсаднок, фароҳам овардани шароити ташкилӣ ва ҳуқуқӣ барои рушди содирот ва воридотивазкунӣ, дастгирии болоравии қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ, ташкили инфрасохтори муносиби содирот, бартараф намудани монеаҳои ғайритарифӣ, дастгирии молиявии ташкилотҳои содиркунанда, ташкили хизматрасониҳои муосири дастраси умум ва ҷорӣ намудани принсипи равзанаи ягона дар асоси технологияҳои замонавии иттилоотию коммуникатсионӣ ба сифати самтҳои стратегии рушди содирот ва воридотивазкунӣ муайян шудаанд.

Рушди босуръати иқтисодиёти кишвар, амалӣ гаштани барномаҳои ҳаётан муҳим дар соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ ва инфрасохторӣ, истеҳсолию иҷтимоӣ, инчунин боло рафтани қобилияти харидории аҳолӣ ба зиёд шудани ҳаҷми воридоти таҷҳизот ва технологияҳои дар истеҳсолот истифодашаванда ва молҳои ниёзи мардум мусоидат намуд. Ба ҷумҳурӣ маъмулан сӯзишворӣ, чӯб, металли сиёҳ, маҳсулоти саноати сабук, маҳсулоти саноати мошинсозӣ, автомобилҳо, техникаи кишоварзӣ, таҷҳизот барои соҳаи энергетика, воситаҳои нақлиёт, маводи ғизоӣ ва ғайра ворид карда мешаванд.

Дар самти густариши робитаҳои иқтисодии хориҷӣ таъсис ва фаъолияти пурсамари комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва техникию илмӣ мақоми хоса дорад. То ба имрӯз бо 42 давлати ҷаҳон комиссияҳои байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва техникию илмӣ амал карда, фаъолияти иқтисодию хориҷии кишвари моро дар доираи робитаҳои дуҷониба танзим менамоянд.

Дар доираи комиссияҳои байниҳукуматӣ фазои сармоягузорӣ, имкониятҳои соҳибкорӣ ва захираҳои табиии Тоҷикистон муаррифӣ мешавад, ки тавассути онҳо ҷалби сармояҳои мустақим ва ғайримустақим ба соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, илму маориф ва иҷтимоию тандурустӣ рӯз аз рӯз меафзояд.

10. Нақшаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои мушаххас намудани нақшаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дурнамо Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Дар асоси ин Стратегия нақшаҳои кӯтоҳмуддат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳам мувофиқ гардонида мешаванд, ҳадафҳои умумимиллӣ  мушаххас ва вазифаҳо ва нақшаҳои амал муайян карда шуданд. Дар ин ҳуҷҷати муҳим мақсади ниҳоии гузариши мамлакат аз кишвари аграрию индустриалӣ ба кишвари индустриалию аграрӣ гузошта шудааст.

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

Қатъномаи МУ СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”

Нашриёти чопии ВКХ

Тамоси фаврӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа