Истиқбол дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Давҳаи Давлати Қатар

Рӯзи 5 феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа ташриф оварданд.

Дар Фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони эҳтирому самимияти хоса намояндагони воломақоми Ҳукумати ин кишвар гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Муқаррароти истиқболи расмӣ дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Давҳа, ки бо шиору навиштаҷот ва шодбошиҳои дӯстона оро ёфта, горди фахрӣ саф ороста буд, самимӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Хотиррасон мешавем, ки ин дуюмин сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин давлат буда, бо даъвати расмии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ анҷом дода мешавад.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Қатар 13 декабри соли 1994 барқарор шуда, ба хотири рушду густариши робитаҳои байнидавлатӣ дар ҳар ду кишвар сафоратҳо ифтитоҳ гардид.

Нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар моҳи майи соли 2007 сурат гирифта, дар муносибатҳои ду кишвар саҳифаи нав кушод ва ба рушди минбаъда замина гузошт.

Собиқ Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ низ тобистони соли 2007 бо сафари расмии ҷавобӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, ки аввалин сафари роҳбари давлати арабӣ ба кишварамон мебошад.

Пояи ҳуқуқӣ-шартномавии муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаро санадҳои ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ташкил медиҳад ва барои таҳкими ҳамкории дуҷониба бастаи лоиҳаҳои санадҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ, бонкдорӣ ва самтҳои дигари робитаҳои иқтисодӣ дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад.