Сафири Тоҷикистон дар Қатар нусхаи эътимодномаро супорид

17 сентябри соли 2017 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода нусхаи эътимодномаи худро ба Котиби генералии Вазорати корҳои хориҷии Давати Қатар д-р Аҳмад Ҳасан ал-Ҳамодӣ супорид.

Дар рафти суҳбате, ки пас аз баргузории маросими тақдими нусхаи эътимоднома сурат гирифт, масъалаҳои мубрами рушди робитаҳои Тоҷикистон ва Қатар ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷониба, иқдомҳои минбаъдаро дар ҷиҳати татбиқи амалии натиҷаҳои сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ва тавофуқоте, ки дар сатҳи олӣ дар Давҳа моҳи феврали соли 2017 ҳосил шуданд, ба нақша гирифтанд.

Ҳамчунин, атрофи дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назари судманд сурат гирифт.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad