Суҳбати телефонӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Амири Давлати Қатар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва наздикони ӯ бинобар сабаби даргузашти бародарашон Нуриддин Раҳмон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ баён намуданд.

Дар идомаи суҳбат сарони ду давлат доир ба муҳимтарин масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар табодули афкори судманд анҷом доданд.

Суҳбат дар фазои самимият, дӯстонаву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad