Вохӯрии Сафир бо Вазири меҳнат ва умури иҷтимоии Қатар

12 октябри соли 2017 мулоқоти кории Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Вазири меҳнат ва умури иҷтимоии Қатар доктор Исо ибни Саъд ал-Наимӣ баргузор шуд.

Дар ҷараёни суҳбат мавзӯъҳои марбут ба роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаи ҷалби нерӯи корӣ ва имзои созишномаи байниҳукуматӣ дар ин самт баррасӣ шуданд.

Лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба танзими қувваи корӣ ба Давлати Қатар байни вазоратҳои соҳавии ҳарду кишвар мувофиқа шудааст ва феълан ҷониби Қатар расмиёти дохилидавлатиро барои тасдиқи лоиҳаи мазкур оғоз кардааст. Дар наздиктарин вақт замон ва макони имзои созишнома эълом хоҳад шуд. Тибқи ин созишнома ҳамчунин таъсиси абзорҳои татбиқи он ва ташкили кумитаҳои муштарак пешбинӣ шудааст.

Дар рафти суҳбат таъкид гардид, ки имзои созишномаи мазкур ба рушди ҳамкориҳои судманди дуҷониба такони тоза хоҳад бахшид.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad