Вохӯрӣ бо Вазири фарҳанг ва варзиши Қатар

6 ноябри соли 2017 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Вазири фарҳанг ва варзиши Давлати Қатар Салоҳ бин Ғоним ал-Алӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои робитаҳои фарҳангию башарии ду кишвар ва рафти татбиқи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Алоқамандии мутақобил ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи фарҳанг ва ҳунар таъкид гардид. Ҷиҳати таҳкими робитаҳо дар ин самт ҷонибҳо баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Қатар дар кишварҳои ҳамдигар, ташкили намоишгоҳҳои ҳунарӣ ва китобҳо, табодули ҷавонон, танзими сафарҳои мутақобили аҳли адабу ҳунар ва тақвияти робитаҳои байни китобхонаҳо, театрҳо ва осорхонаҳои миллии ду кишварро ҳамчун иқдомҳои муҳим арзёбӣ карданд.

Роҷеъ ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ низ табодули назар сурат гирифт. Ҷонибҳо аз омодагии ниҳодҳои дахлдори ду кишвар барои имзои созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи мазкур истиқбол намуданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad