Вохӯрӣ бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Қатар

11 феврали соли 2018 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Вазири давлатии корҳои хориҷии ин кишвар Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами рушди робитаҳои Тоҷикистон ва Қатар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти мубориза бо чолишҳои амнияти минтақавию ҷаҳонӣ, бахусус аҳамияти тақвияти муборизаи дастаҷамъона алайҳи терроризму ифротгароӣ табодули назар намуданд.

Сафир даъватномаи ҷониби Тоҷикистонро ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ “Мубориза бар зидди терроризм ва радикализм”, ки дар шаҳри Душанбе 3-4 майи соли 2018 баргузор мегардад, супорид. Даъватнома бо арзи сипос пазируфта шуд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad