Қатар аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад

29 марти соли 2018 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Мудири раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Қатар Ториқ ал-Ансорӣ баргузор шуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва мубориза бо хатарҳои глобалии муосирро баррасӣ намуданд. Ҷониби Қатар пуштибонии худро аз талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масоили рушди устувор, аз ҷумла пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, мубориза алайҳи терроризм ва татбиқи иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешгирӣ аз ангезишҳои зуҳуроти терроризм ва ифротгароии хушунатомез дар сатҳи минтақа ва фаротар аз он таъкид намуд. Дар ин замина Ал-Ансорӣ изҳор дошт, ки ҳайати баландмақоми Қатар дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 3-4 май ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” 20-22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе фаъолона ширкат хоҳад варзид.

Зимни мулоқот ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои татбиқи муштараки лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ки барои таъмини рушду устувори Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд, табодули назар сурат гирифт.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad