Вохӯрии Сафир бо Вазири энергетика ва саноати Қатар

7 июни соли 2018 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Вазири энергетика ва саноати Қатар доктор Муҳаммад бин Солеҳ ас-Сода баргузор шуд.

Дар рафти суҳбат дар заминаи тавофуқоте, ки дар натиҷаи музокироти сатҳи олии ду кишвар дар Давҳа моҳи феврали соли 2017 ҳосил шуданд, роҳҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика ва саноат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин роҷеъ ба рӯзномаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 19-21 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва аҳамияти глобалии ин чорабинӣ дар ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, истифодаи оқилонаи захираҳои об, пешбурди иқтисоди сабз ва таъмини энергетикаи устувор табодули назари судманд сурат гирифт.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad