Терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе- дастовези идона ба ҷашни Ваҳдати миллӣ

Имрӯз дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз марказҳои бузурги логистикӣ  дар Осиёи Марказӣ –Терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе /ФБД/ дар маросими ботантана  ба истифода дода шуд. . Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар маросими ифтитоҳи Терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, масъулини  Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, Президенти  Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ /JICA/ Шиничи Китаока, роҳбарият ва намояндагони вазорати нақлиёт ва дигар вазорату идораҳои  марбутаи Тоҷикистон, ФБД, Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонон-мутахассисони ширкатҳои японӣ иштирок намуданд.

Сарвазири мамлакат зимни суханронӣ  аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Япония, хусусан ба  роҳбарияти JICA  барои бунёди Терминали боркашонӣ дар ФБД арзи сипос намуд. Бо дахли ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Япония Сарвазири кишвар афзуд, ки Япония дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон нақши калидӣ дошта, яке аз шарикони иқтисодии кишварамон маҳсуб меёбад. Дар ин росто, Сарвазири ҷумҳурӣ ба сатҳи ҳамкории иқтисодии ду кишвар баҳои баланд дод. Мавсуф татбиқи лоиҳаи «Беҳтар кардани  Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро, ки дар доираи он Терминали боркашонии ФБД бунёд гардида, ба истифода дода шуд,  самараи неки ҳамкории иқтисодиии Тоҷикистону Япония  маънидод кард.

Бояд тазаккур дод, ки корҳои сохтмонии Терминали боркашонии ФБД моҳи феврали соли 2017 оғоз гардида,  дар он 120 нафар мутахассисони маҳаллӣ ва японӣ  фаъолият намуданд. Лоиҳаи иншооти  мазкур дар ду  марҳила татбиқ карда шуд.

Соли 2014 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва JICA Созишномаи грантӣ ба имзо расид, ки тибқи он Ҳукумати Япония барои сохтмони Терминали боркашонӣ дар ФБД   беш аз 1,9 миллиард йен ё  17,5 миллион доллар   ҷудо намуд.

Дар маҷмӯъ, иншооти мазкур  бо ҷалби сармояи японӣ ба маблағи беш аз 17 миллион доллар бунёд карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки  бунёди Терминали наву муосири боркашонӣ дар ФБД  ба таҳкими пойгоҳи моддию техникии ФБД, баланд бардоштани иқтидори боркашонии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ба бозори дохилӣ ҷалб намудани ширкатҳои хориҷии таҳвилдиҳандаи бор,  афзоиш ёфтани ҳаҷми содироти  маҳсулоти кишоварзию саноатӣ  ва дар маҷмӯъ, барои бунёди шабакаи хатсайрҳои  транзитӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе заминаи мусоид фароҳам меорад.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad