ҲУШЁР БОШЕД ВА БА ДОМ НААФТЕД! Чунин муроҷиат намудааст ба тоҷикони бурунмарзӣ Ҷамъияти тоҷикони Миср дар изҳороти худ дар иртибот ба «маҳфил»-и хонаводагии ТТЭ ҲНИ

ДУШАНБЕ, 20.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба нишонии АМИТ «Ховар» аз номи Ҷамъияти тоҷикони Миср изҳорот ворид гардид, дар он амали ҷинояткорони роҳбари фирории ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ доир ба баргузор намудани ба ном ҷашни ваҳдати миллӣ маҳкум карда шудааст. Зарур донистем, ки мундариҷаи изҳороти мазкурро пешкаши хонандагони сомона  гардонем.

«Пас аз гузашти зиёда аз ду ҳафта аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ниҳоят, аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ барои таҷлили ин рӯз имконият ва сарчашмаи молӣ аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ пайдо намуданд. Доир ба ин, ёдовар мешавем, ки бо баҳонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ онҳо зодрӯзи пешвои рӯҳонии худ, яъне роҳбари шиаҳо – Хумайниро ҷашн гирифтанд. Вале воқеияти кор нишон медиҳад, ки аз байни даъватшудагон барои ширкат дар ин ҷамъомад, ки садҳо нафарро дар бар мегирифт, баъд аз талошҳои зиёд танҳо ҳудуди 50 нафар ҷамъ омаданд, ки нисфи зиёди иштироккунандагонро фарзандону аҳли оилаи кабириҳо ташкил медод.

Ҳатто аз ноилоҷӣ, барои зиёд нишон додани иштирокчиён чанд нафар афғонҳои бесоҳибу гурезаи дар ба дарро ҳам бо кулоҳҳои муҷоҳидӣ пул дода ба толор оварданд.

Дар рафти ин «маҳфил»-и хонаводагии Кабирӣ як гурӯҳи хурди шахсони беному нишон ва мазҳабфурӯшро ҷамъ карда, бори дигар кӯшиш кард, ки дар атрофи худ як эътилофи қувваҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатиро ташкил кунад. Вале ин дафъа низ хоҷагонашро қонеъ карда натавонист. Зеро талошҳои ҷон бахшидан ба ҷасади мурдаи боқимондаи ҲНИ нобарор анҷомид.

Аз ҷониби дигар, ин гурӯҳи террористону худбохтагон барои таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ на ҳаққи маънавӣ ва на ҳуқуқӣ дошта, раиси фирории онҳо бо макру найрангҳои навбатии худ мехост ба ду ҳадафи асосӣ ноил гардад:

  1. Мехост ташкилоти оилавию террористии худро дар назди хоҷагони аврупоиву эронии худ ҳамчун як созмони дунявию демократӣ нишон диҳад, то ки грантҳои муфти хориҷиро ба даст орад.
  2. Мехост бо ин макри навбатии худ муҳоҷирони меҳнатӣ ва зиёиёни бурунмарзиро таҳти нуфузи наҳзати террористӣ дароварда, онҳоро ба манфиати оилаи худ истифода намояд.

Аз ин рӯ, мо тоҷикони муқими Миср, аз тамоми тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал меорем, ки ба доми фиреби наҳзатиҳои террорист наафтанд ва ба хатогиҳои гузашта, ки сабаби рехтани хуни 150 ҳазор фарзанди миллати тоҷик гардида буд, роҳ надиҳанд. Аз якпорчагии кишвари худ ҳимоя намуда, баҳри рушду ободии Ватани азизамон – Тоҷикистон саъю кушиш намоем ва атрофиёни худро аз ҳар гуна ақидаҳои заҳролуди наҳзатӣ огоҳ созем, ки ин ҳам фарз ва ҳам қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.

Зинда бод Тоҷикистони азиз!».

 

Бо арзи эҳтиром,
Ҷамъияти тоҷикони Миср

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad