Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июли соли 2018 Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Давлати Фаластин д-р Риёз Моликӣ ва ҳайати ҳамроҳи ӯро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили вобаста ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг, сайёҳӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, инчунин ҳамкориҳоро дар чорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо барои таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ изҳори ҳавасмандӣ намуда, ба мувофиқа расидаанд, ки санадҳои дар баррасии ҷонибҳо қарордошта ҳарчӣ зудтар ба имзо расанд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad