Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Давҳа иштирок намуд

 

/АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Давлати Қатар-шаҳри Давҳа аввалин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ватанӣ дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ, истеҳсоли маводи рӯзгор, лавозимоти сохтмонӣ, маҳсулоти ороишӣ, инчунин таълими касбӣ ва хидматрасонии сайёҳӣ аз 8 то 10 октябри соли 2018 баргузор гардид. Дар намоиши байналмилалӣ ширкату корхонаҳои Тоҷикистон –ҶДММ «Ноқили Талко», ҶСП «Оби Зулол», корхонаи муштараки «Аввалин» ва ҶДММ «Реал» маҳсулоти ватаниро муаррифӣ намуданд.

Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ 360 ширкату корхонаҳои истеҳсолӣ аз давлатҳои Қатар, Тоҷикистон, Кувайт, Уммон, Марокаш, Тунис, Алҷазоир, Туркия, Эрон, Покистон, Озарбойҷон ва Урдун иштирок намуданд.

Дар ҳошияи намоишгоҳ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар ҳамкорӣ бо Қатар» доир гардид. Дар кори он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло   Ҳикматуллозода ширкат варзид.

Дар конфронс роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар бораи фазои сармоягузорӣ, иқтидори саноатию содиротии Тоҷикистон ва соҳаҳои афзалиятнок маълумот дода, доир ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, ҷалби сармоягузориҳо, нақлиёт ва коммуникатсия ибрози андеша намуд.

Зимни ҳамоиш мулоқоту музокироти судманди намояндагони ширкату корхонаҳои Тоҷикистон бо соҳибкорони Қатар ва дигар кишварҳои хориҷӣ, ки ба рушди ҳамкории тиҷоратӣ ва воридоти маҳсулоти миллии Тоҷикистон алоқаманданд, баргузор гардиданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad