Вазири фарҳанги Давлати Қатар: «Аз ҳунари баланди санъаткорони тоҷик хеле хушҳол шудам»

 

24 ноябр дар шаҳри Давҳа Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар   Давлати Қатар оғоз гардиданд.Хабарнигори АМИТ «Ховар» Тоҷиддини РИЗВОН  аз Давлати Қатар иттилоъ дод, ки маросими ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии барномаи консертӣ, намоиши мусаввараҳо, аксҳо ва ҳунарҳои мардумӣ ифтитоҳ гардид.

Ба иттилои Тоҷиддини Ризвон, 24 ноябр тантанаҳои расмии Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар Театри  драмавии «Қатара»-и Давлати Қатар бо суханони ифтитоҳии вазирони фарҳанги ҳарду кишвар- Шамсиддин Орумбекзода ва Солеҳ ­Ғоним Ал-Алӣ оғоз ёфтанд.

Меҳмонон қабл аз шурӯи барномаҳои консертӣ аз намоиши мусаввараҳову ҳунарҳои мардумӣ ва дигар дастовардҳои ба намоишгузошта дидан карданд.

Ҳангоми тақдими барнома таваҷҷуҳи меҳмононро, ки шаҳрвандони шаҳри Давҳа ва намояндагиҳои корпусҳои дипломатии муқими Давлати Қатар ташкил медоданд, намудҳои гуногуни рақсу сурудҳои ҳунармандони тоҷик ҷалб намуд.

Баъд аз поёни барномаи консертӣ Вазири фарҳанги Давлати Қатар гуфт: «Ростӣ, ман баъд аз қисмати аввали барнома мебоист тибқи нақша аз толор мебаромадам, вале шавқи тамошои ҳунармандони тоҷик монеи нақшаи фориғ шудани банда гашт. Аз ҳунари баланди санъаткорони тоҷик хеле хушҳол шудам».

Барномаҳои Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар рӯзи 25 ноябр бо ҳузури намояндагони ҳайати кишвар бо шиносоӣ аз Китобхонаи миллии ин кишвар идома ёфт ва меҳмонон бо фаъолияти он шинос шуданд.

Баъд аз  боздид аз ин боргоҳи дониш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» (бо забони арабӣ) ва китоби академик Бобоҷон Ғафуров- «Тоҷикон»-ро ба мудири ин китобхона ҳамчун ҳадя такдим намуд.

Ба гуфтаи мудири  китобхона, дар баробари 3 миллион китоби ин махзан, донишҷӯёну кишваршиносон бо тамаддуни бостонӣ ва фарҳанги тоҷикон бештар шинос мешаванд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad