Дар Қатар ба олими тоҷик Саидраҳмон Сулаймонӣ барои таълифи «Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ» ҷоиза тақдим намуданд

 

11-12 декабри соли равон дар пойтахти давлати Қатар- шаҳри Давҳа конфронси байналмилалии тарҷумонӣ ва тафоҳуми байналмилалӣ бо ҳузури олимону тарҷумонҳои варзида, намояндагони доираҳои илмии беш аз 20 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур таълифоти олимони тоҷик низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, бо қарори ҳайати доварони байналмилалӣ китоби «Фарҳанги арабию тоҷикӣ» -и Сарходими маркази «Синошиносӣ»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Саидраҳмон Сулаймонӣ дар бахши беҳтарин фаъолият дар соҳаи тарҷумонӣ ва фарҳангнигорӣ сазовори мақоми аввал эълон шуд.

Ҳамчунин 12 декабри соли равон дар шаҳри Давҳа маросими расмии супоридани ҷоизаи Шайх Ҳамад дар соҳаи тарҷумонӣ ва тафоҳуми байналмилалӣ баргузор гардид. Намояндаи шахсии Падарамири Давлати Қатар ҳамчун нишони қадрдонӣ аз рушди илму маърифат дар Тоҷикистон ва саҳми олимони тоҷик дар тақвияти робитаҳои байналмилалӣ ҷоизаи мазкурро ба профессор Саидраҳмон Сулаймонӣ барои таълифи «Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ» тақдим намуд.

Мавриди зикр аст, ки мактаби шарқшиносӣ, бахусус мактаби арабшиносии тоҷик, ки ҳамеша бо дастовардҳои илмию адабӣ ва фаъолиятҳои тарҷумонии худ дар кишварҳои пасошӯравӣ ва хориҷ аз он мақоми пешсафӣ дорад, тайи солҳои истиқлолият бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таълифоти нав хазинаи осори илмию маърифатии мардуми тоҷикро ғанитар сохта, оину суннати фарҳангдӯстии миллати моро дар саросари ҷаҳон муаррифӣ мекунад.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad