Иштироки Тоҷикистон дар ҷашнвораи байналмилалии “Баҳори Давҳа”

 

Аз 21 декабри соли 2018 дар пойтахти Қатар ҷашнвораи байналмилалии фолклорию фарҳангии “Баҳори Давҳа” бо иштироки гурӯҳҳои ҳунарӣ аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон оғоз гардид.
Кишвари моро дар ин ҷашнвора театр-студияи “Падида” таҳти раҳбарии Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофат Рашидова муаррифӣ мекунад. Гурӯҳи “Падида” то 4 январи соли 2019 дар шаҳри Давҳа барномаҳои ҷолиби рақсию мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба намоиш хоҳад гузошт.
Аз ин ҷашнвора, ки ҳадафи он рушди робитаҳои байналмилалӣ ва таблиғи ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллии кишварҳои ҷаҳон мебошад, ҳамарӯза ҳазорҳо сокинони Давлати Қатар ва сайёҳони хориҷӣ боздид менамоянд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad