Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ба таваҷҷуҳи ҳамватанони гиромӣ мерасонем, ки тибқи маълумоти расмии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Маркази аврупоии назорат ва пешгирии бемориҳо, аз нимаи дуюми моҳи декабри соли 2018 дар Ҷумҳурии Гурҷистон паҳншавии эпидемикии бемории зукоми намуди А (H1N1) ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳудуди кишварҳои Белорусия, Украина ва Қазоқистон бақайдгирии ин беморӣ низ мушоҳида карда мешавад.
Ба мақсади пешгирии сироятшавӣ ва интиқоли вирус, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки зимни сафарҳои шахсию хидматӣ ба кишварҳои зикргардида чораҳои пешгирикунанда аз қабили гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя кунанд ва дар мавриди зарурӣ ба мутахассиси соҳаи тандурустӣ саривақт муроҷиат намоянд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad