Баррасии масоили ҳамкориҳо бо Сафири давлати Қатар дар Тоҷикистон

 

Рӯзи 30 январи соли 2019 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Иброҳим Муҳаммад Ал-Абдулло вохӯрӣ доир намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро Сафири Фавқулодда ва Мухтори давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Иброҳим Муҳаммад Ал-Абдуллоро барои таъин шудан ба ин вазифаи пурмасъули давлатӣ табрику муборакбод намуда, ба сарзамини Тоҷикистон хайра мақдам гуфт.
Зикр гардид, ки мардуми Тоҷикистон ва давлати Қатар бо ҳам дӯсту бародар буда, чунин риштаи дӯстиву рафоқат дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мубодилаи иттилоот баррасӣ гардиданд.
Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad