Имзои Созишномаи байниҳукуматӣ бо Қатар оид ба танзими қувваи корӣ

 

3 феврали соли 2019 дар шаҳри Давҳа маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ баргузор шуд. Созишномаи мазкурро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода ва Вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар Юсуф бин Муҳаммад ал-Усмон Фахру имзо карданд.
Дар рафти суҳбат бо Вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар Юсуф бин Муҳаммад ал-Усмон Фахру ҷонибҳо роҳҳо ва механизмҳои татбиқи созишнома, аз ҷумла таъсиси гурӯҳи кории муштарак, вазифаҳои он ва ихтисосҳои мавриди ниёзи бозори меҳнат дар Қатарро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин атрофи самтҳои дурнамодори ҳамкориҳои вазоратҳои меҳнати ду кишвар ва сохторҳои тобеи онҳо табодули назар сурат гирифт.
Дар рафти мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода бо Мудири кулли Кумитаи танзими корҳои хайриявии Давлати Қатар Иброҳим ал-Дуҳеймӣ масъалаҳои татбиқи муштараки як қатор лоиҳаҳое, ки барои тақвияти асосҳои моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти касбию техникӣ дар Тоҷикистон ва эҷоди ҷойҳои кории нав дар деҳот ва ноҳияҳои баландкӯҳ мусоидат мекунанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad