Мулоқот бо Сарвазири Давлати Қатар

 

Сарвазири Давлати Қатар Шайх Абдулло бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ 4 феврали соли 2019 дар шаҳри Давҳа Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода ва ҳайати ҳамроҳи ӯро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти суҳбат бо дарназардошти тавофуқоте, ки дар натиҷаи музокироти роҳбарони олии Тоҷикистон ва Қатар моҳи феврали соли 2017 дар Давҳа ҳосил шуданд, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин роҷеъ ба роҳҳо ва абзорҳои амалисозии муқаррароти Протоколи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ки 29- 31 августи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, табодули назари судманд сурат гирифт. Дар ин замина ҷонибҳо Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба танзими қувваи кориро, ки 3 феврали соли 2019 дар Давҳа ба имзо расид, омили муҳимми тавсеаи робитаҳои судманд миёни ду кишвари дӯст арзёбӣ намуданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad