Вохӯрӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Қатар

 

Рӯзи 10 феврали соли 2019 дар шаҳри Давҳа вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Котиби генералии Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар доктор Аҳмад Ҳасан ал-Ҳамодӣ баргузор шуд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барои иштирок дар нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад, тақдим намуд.

Доктор Аҳмад ал-Ҳаммодӣ барои даъватнома изҳори сипос кард ва таъкид намуд, ки ҷониби Қатар ташаббусҳои раҳбари олии Тоҷикистонро дар ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва ҳамкориҳои созандаи минтақавӣ баланд арзёбӣ мекунад ва аз онҳо ҷонибдорӣ менамояд. Ӯ изҳор дошт, ки рушду таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Тоҷикистон дар авлавиятҳои сиёсати хориҷии Қатар қарор дорад.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ табодули назари судманд сурат гирифт.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad