Миёни Тоҷикистон ва Қатар роҳи ҳавоӣ боз хоҳад шуд

 

 13.02.2019/АМИТ «Ховар»/.  Интизор меравад, ки дар оянда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар роҳи ҳавоӣ боз гардида, парвозҳои мустақим  аз Душанбе ба самти  Доҳа  ба роҳ монда шаванд.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода зимни  натиҷагирӣ аз фаъолияти сохторҳои  авиатсионии кишвар дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки  аввали моҳи феврал намояндагони мақомоти авиатсияи Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Онҳо бо ҳамтоёни тоҷики худ лоиҳаи Созишнома оид ба пайваст намудани пойтахтҳои ҳар ду давлатро тавассути масири ҳавоӣ омода ва баррасӣ  намуданд.

Икром Субҳонзода гуфт, ки алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 23 кишвари  ҷаҳон созишномаҳои ҳамкорӣ  оид ба алоқаи ҳавоиро ба имзо расонидааст, ки онҳо парвозҳои мустақими ҳавоиро ба танзим медароранд. Ин раванд ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Мулоқоти намояндагони мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Қатар дар Душанбе дар мавриди  таҳияи лоиҳаи Созишнома дар самти пайваст намудани пойтахтҳои ҳар ду кишвар тавассути масири ҳавоӣ дар ҳолест, ки Қатар-яке аз кишварҳои арабӣ ба унвони сармоягузор дар иқтисодиёти Тоҷикистон  шинохта шудааст.

Бунёди шаҳраки муосири «Диёри Душанбе» аз сӯи ширкати  «Qatari Diar»  ва сохтмони масҷиди бузург дар шаҳри Душанбе, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад, аз бузургтарин тарҳҳои анҷомдодаи Қатар дар Тоҷикистон арзёбӣ мегарданд.

Ҳамзамон чанде пеш дар шаҳри Доҳа  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар ба имзо расонида шуд. Санади мазкур баъд аз гузаронидани расмиёти дохили давлатии Тоҷикистон ва Қатар эътибор пайдо намуда, ҷалби коргарон аз Тоҷикистон дар асоси ихтисосҳои мавриди ниёзи кордиҳандагони Давлати Қатар ба роҳ монда мешавад.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad