Дар Қатар маҳсулоти занбӯрпарварони тоҷик муаррифӣ гардид

 

Аз 28 феврали соли 2019 дар Давҳа-пойтахти Давлати Қатар Намоишгоҳи дуюми байналмилалии асал ба кори худ оғоз кард. Дарғурфаҳои он маҳсулоти хоҷагиҳои занбӯрпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба намоиш гузошта шудаанд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар ва ҶДММ «Ганҷ -2013» Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии «Асали Тоҷикистон» навъҳои маъруфи асали табобатӣ ва ғизоиро, ки дар ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудаанд, муаррифӣ менамояд.

Дар ҳошияи намоишгоҳ якчанд мулоқоту гуфтушунидҳои судманди ҳайати Тоҷикистон бо соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои тиҷоратии Қатар сурат гирифтанд. Зимни онҳо ҳамкории тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, роҳҳои содироти асал ва дигар маҳсулоти соҳаҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар баррасӣ шуданд.

Намоишгоҳи байналмилалии асал дар Давҳа бо ҳузури 124 хочагии занбӯрпарвар аз 20 кишвари ҷаҳон ва 45 ширкати тиҷоратии Давлати Қатар, ки ба воридоти асал ва маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, то 7 марти соли 2019 идома меёбад.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad