Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Созмони сармоягузориҳои Қатар

 

Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҳошияи сафари худ ба Давлати Қатар бо Мудири иҷроияи Созмони сармоягузориҳои Қатар Мансур бин Иброҳим Оли Маҳмуд мулоқот намуд.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар арсаҳои энергетикӣ, нақлиётӣ, саноатӣ ва коркарди маъданҳо баррасӣ шуданд. Ҳамчунин дар мавриди таъсиси механизмҳои ҷалби сармоягузориҳо ва мудирияти муштараки лоиҳаҳо табодули назари судманд сурат гирифт.

Мансур бин Иброҳим Оли Маҳмуд сохтмони маҷмааи истиқоматии “Диёри Душанбе”-ро, ки бо сармоягузориҳои қатарӣ анҷом ёфтааст, намунаи барҷастаи ҳамкориҳои судманди ду кишвари дӯст номид ва иброз дошт,  ки Созмони сармоягузориҳои Қатар омода аст дар сармоягузории лоиҳаҳои мухталифи иқтисодӣ дар Тоҷикистон, ки аҳамияти миллию минтақавӣ доранд, саҳми худро гузорад..

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad