Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Сарвазир- Вазири корҳои дохилии Давлати Қатар

Дар шаҳри Давҳа вохӯрии Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сарвазир – Вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ баргузор шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи олии робитаҳои сиёсӣ, фаъолшавии ҳамкориҳои байни вазоратҳои соҳавии ду кишвар ва инчунин заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо, ки барои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба ва мутақобилан судманд фароҳам шудаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд. Бо дарназардошти имкониятҳои молиявӣ ва сармоягузории Давлати Қатар ва иқтидори иқтисодии Тоҷикистон тавсеаи ҳамкориҳо дар арсаҳои энергетикӣ, нақлиётӣ, кишоварзӣ, саноатӣ, бонкдорӣ ва сайёҳӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Шукурҷон Зуҳуров ва Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ ҳамчунин атрофи таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза алайҳи чолишҳои амнияти минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи рушди устувор гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad