Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар Аҳмад ибни Абдуллоҳ Олӣ Маҳмуд  мулоқот намуд

 

Имрӯз дар доираи сафари худ ба Давлати Қатар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри  Давҳа бо Раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар Аҳмад ибни Абдуллоҳ Олӣ Маҳмуд мулоқот намуд.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз Давлати Қатар ҷонибҳо аз сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба ва дустонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар изҳори қаноатманди намуда, таъкид карданд, ки тамосхои мунтазами роҳбарони олии ду кишвар-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Хамад Олӣ Сонӣ заминаи мусоидро барои тавсеаи хамкорихои гуногунчанба ва мутакобилан судманд фароҳам овардаанд.

Шукурҷон Зуҳуров аз сафари  расмии Падарамири Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа  Олӣ Сонӣ ба Точикистон ва сафарҳои расмии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар, бахусус музокироти Пешвои миллат бо Амири Давлати Катар Шайх Тамим ибни Хамад Олӣ Сонӣ мохи феврали соли 2017 дар Давха ёдовар шуда иброз дошт, ки натичахои сафарҳои мазкур пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои ду кишварро ба таври назаррас такмил додааст.

IMG_0447Таҳкими робитаҳои ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Давлати Қатар барои рушди минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар дар арсаҳои мухталиф ва тақвияти пояи ҳуқуқии он муҳим арзёби гардид.

Махсус таъкид гардид, ки парлумонҳои Тоҷикистону Қатар дар татбиқи амалии санадҳои дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар имзошуда саҳми фаъол гузошта, барои расидан ба хадафхои начиби хамкорихои ду кишвари дуст мусоидат хоханд кард.

Дар ин росто сарони парлумонҳои ҳарду кишвар фаъолияти самараноки  гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Қатарро хамчун абзори таквияти беш аз пеши муносибатҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо арзёби намуданд.

Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар ҳамчунин доир ба муҳимияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар таҳкими муносиботҳои иқтисоди, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қатар, инчунин бароҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва оби нушоки аз Тоҷикистон ба Қатар табодули афкор намуданд. Дар ин замина чонибҳо ифтитоҳи хатсайри ҳавоии мустақими байни Душанбе ва Давҳаро мухим шумориданд.

IMG_0434

Раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар Аҳмад ибни Абдуллоҳ Олӣ Маҳмуд ёдовар шуд, ки дар вақти ба ҳайси  вазири давлатии корҳои хориҷии Давлати Қатар фаъолият намуданаш аз Тоҷикистон дидан намудааст ва аз мулоқот бо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарафёб гаштааст.

Мавсуф аз таасуроти неки худ аз мулоқот бо Пешвои миллат ва самимияти мардуми меҳмоннавози тоҷик ёдовар шуда, таъкид кард, ки иқтидори бузурги Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, сарватҳои табиӣ  ва маҳсулоти кишоварзӣ заминаи хубе барои ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар мебошад.
Раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар Аҳмад ибни Абдуллоҳ Олӣ Маҳмуд  ба Тоҷикистон ва мардуми шарифи он таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат рушду шукуфоии беш аз пешро орзу намуд.

Дар фарҷоми мулоқот Шукурҷон Зуҳуров аз ҳамтои қатарии худ даъват ба амал овард, ки дар вақти барояш муносиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф орад. Ин даъват бо хушнуди пазируфта шуд.

Дар мулоқот вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Салимзода, Абдуғаффор Раҳмонзода, Дилрабо Мансурӣ ва Сафири мухтор ва фавқуллодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода иштирок намуданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad