Вохӯрии гурӯҳҳои дустии байнипарлумонии Тоҷикистону Қатар

 

Рӯзи 9 апрели соли ҷорӣ дар доираи сафари Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ба Қатар вохӯрии аъзои Гурӯҳи байнипарлумонии Тоҷикистону Қатар Абдуғаффор Раҳмонзода бо Раиси Гурӯҳи дустии байни Парлумони Қатар бо давлатҳои Осиё ҷаноби Рашид бини Ҳамул Меададӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ оид ба масъалаҳои муносибатҳои байниҳамдигарии Гурӯҳи дустӣ дар самтҳои қонунгузорӣ, мауносибатҳои байнипарлумонӣ ва таҳкими қонунгузориҳои ҷонибҳо вобаста ба муносибатҳои иқтисодӣ, сармоягузориву рушди соҳибкорӣ ибрози ақида карда шуд.

Ҷонибҳо ба маслиҳат омаданд, ки дар вақтҳои наздик барномаи муносибатҳои байниҳамдигарӣ бо таҳияи харитаи роҳ таҳия гардида, тасдиқ карда хоҳад шуд.

20190412_092356Дар вохӯри аз ҷониби Тоҷикистон инчунин Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва итттилоот Олим Салимзода ва аъзои Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Дилрабо Мансурӣ иштирок намуданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad