Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

 

Дар мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байнламилалии “Як камарбанд, як роҳ” сурат гирифт, вазъи феълии робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ, рушду густариши робитаҳо дар бахшҳои нақлиёту транзит, кишоварзӣ, таъминоти сӯзишворӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқоти самимӣ ба раванди татбиқи санадҳои қаблан ба имзорасида ва фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Сарони давлатҳо ҳамчунин дар рафти суҳбат оид ба масъалаи дарёфти роҳҳҳои нави таҳкими муносибатҳо дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар табодули андеша карданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad