Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо фиристодаи махсуси вазири корҳои хориҷии Қатар мулоқот намуд

 

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо фиристодаи махсуси вазири корҳои хориҷии Қатар Мутлақ бин Моҷид ал-Қаҳтонӣ мулоқот намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Мутлақ бин Моҷид ал-Қаҳтонӣ таъкид намуд, ки  баргузории чорабиниҳои гуногуни минтақавию байналмиллалӣ бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, хусусан гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” бори дигар собит  менамояд, ки  Тоҷикистон ҳам дар минтақа ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби аср нақши фаъол дорад.

Дар идома ҷонибҳо дар мулоқот доир ба муҳимияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қатар табодули афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 4 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба мубориза бо терроризм доктор Мутлақ Ал-Қаҳтониро ба ҳузур пазируфта буданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки “Мо ба ояндаи ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар некбин ҳастем ва бовар дорем, ки дар партави ҳамкориҳои судманд ва дастгирии ҳамдигар ба дастовардҳои бузург дар ҳамаи арсаҳо ноил хоҳем шуд”.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad