Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Фиристодаи вежаи Вазири корҳои хориҷии Қатар оид ба мубориза бо терроризм

 

16 майи 2019 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Фиристодаи вежаи Вазири корҳои хориҷии Қатар оид ба мубориза бо терроризм Мутлақ ибни Моҷид ал-Қаҳтонӣ мулоқот намуд.

Дар  мулоқот ҷонибҳо  самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар ва масъалаҳои татбиқи санадҳоеро, ки ҷиҳати таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ду кишвар дар арсаҳои мухталиф имзо шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назари судманд сурат гирифт.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad