Сафари расмии Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон

 

29 май Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

30 май маросими истиқболи расмии меҳмони воломақом дар Қасри миллат баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Тускро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллӣ, гузаштан аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ анҷом ёфт.

Мулоқоти сатҳи олӣ нахуст дар вохӯрии хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Доналд Туск, оғоз гардида, сипас дар музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо идома ёфт.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Сарвари давлат аз раванди таҳкиму тавсеаи бемайлони равобити Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар солҳои охир изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки “Тоҷикистон ба масъалаи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи ҳамёрони муҳим дар арсаи байналмилалӣ медонад”.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию башардӯстонаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, татбиқи санадҳои қаблан имзошуда, аз ҷумла Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карда, нақши Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи ҳамкорӣ ва Зеркумитаи рушди он, Муколамаи сиёсию амниятӣ ва Муколамаи ҳуқуқи инсонро барои таҳкими муносибот, назаррас арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон манфиатдори ба роҳ мондани ҳамкории бештару судманд бо Аврупо дар соҳаҳои сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон, воридоти технологияи нав, рушди бахши хусусии саноатӣ, коркарди маъдан ва татбиқи амалии тарҳҳои бузурги инфрасохторӣ дар самтҳои коммуникатсияи нақлиётӣ ва энергетика мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди зуҳуроти терроризм, оқибатҳои талху марговари он, паҳншавии терроризму зуҳуроти экстремизм дар минтақа ва ҷаҳон, хатари гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ муҳокима карда шуд.

Ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, алалхусус Барномаҳои БОМКА ва КАДАП дар самти таҳкими иқтидори муҳофизатии сарҳади давлатӣ бо Афғонистон махсус зикр гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки вобаста ба таҷаммӯи бештари гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон, тадбирҳои мустаҳкам намудани хатти сарҳад тавассути кумакҳои бештари Иттиҳоди Аврупо минбаъд низ идома дода мешавад.

Ҷонибҳо ҳамчунин рушди робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди назари тарафайн, бахусус дар бахшҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқи инсон, ислоҳоти соҳаи маориф ва дигар самтҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, мавқеи ягонаи худро барои ҳалли мушкилоти онҳо иброз доштанд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск барои доираи васеъи хабарнигорони дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ ороста, оид ба натиҷаҳои он изҳори андеша карданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad