Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ҷиҳати иштирок дар Саммити МҲТБО ба Душанбе ташриф овард

 

Шоми имрӯз Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ҷиҳати иштирок дар Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё /МҲТБО/ вориди шаҳри Душанбе гардид.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

15 июн Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, иштирок менамояд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad